Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 ноябр бо президент ва мудири иҷроияи ширкати Centerra Gold Inc. Скотт Перрӣ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.
Ҷонибҳо, аз ҷумла созишномаи стратегии Қирғизистон бо ширкати Centerra Gold Inc.-ро баррасӣ карданд. Ҷониби Бишкек шартҳои иловагиеро пешниҳод дорад, ки афзоиши пардохти зистмуҳитӣ ва ташкили бунёди ҳамкориҳои иҷтимоӣ барои рушди минтақаҳоро пешбинӣ мекунанд. Абилғозиев ҳамчунин шаффофияти раванди иҷрои тамоми қарорҳои дуҷонибаро муҳим номид.
Ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии сарвазири пешин Сафар Исҳоқов 11 сентябри соли 2017 шартномаи ҳифзи муҳити зист ва рушди сармоягузориро бо ширкати "Centerra" имзо кард. Бар асоси он ҳуҷҷат, ширкати канадагӣ пардохтҳои ҳарсолаи муҳитзистиро барои Қирғизистон аз 310 ҳазор доллар ба 3 млн доллар боло бурда, барои Бунёди рушди табиат 50 млн доллар ҷудо кард ва 10 миллион доллари дигар ба Бунёди рушди хадамоти онкологӣ ҷудо намуда, вазифадор шуд, ки ҳамасола то 6 млн доллар ба Бунёди тарҳи "Қумтор" сармоягузорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси он шартнома, ҳамаи баҳсҳои додгоҳӣ бекор шуда, маҳдудияти кормандони "Қумтор" бардошта шуд. Аммо порлумони Қирғизистон ин созишномаро "хоинона" унвон карданд ва гуфтанд, Қирғизистон дар баҳс бо "Centerra " бой дод. Вакилон ҳамчунин аз он нигарон буданд, ки ҳукумат бидуни машварат бо порлумон шартномаро имзо кардааст.
Баъдтар сарвазири нави Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, ки Қирғизистон шартномаро бозбинӣ мекунад.
Кони "Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. идора мешавад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дорад.