Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф хитоб ба Аврупо: "Намешавад, ки шино кард ва тар нашуд"


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.

Бо нокомии талошҳо барои барқарор кардани муомилаҳои молии вижаи Аврупо дар давраи таҳримҳои Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломӣ, вазири умури хориҷии Эрон ба таври киноя ба кишварҳои аврупоӣ гуфт, "намешавад бидуни ин, ки тар шуд, шино кард". Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ин матлабро рӯзи панҷшанбеи 22-юми ноябр зимни як ҳамоиш дар Итолиё баён кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон эълон кардааст, ки Ҷумҳурии исломӣ танҳо бинобар "исрор"-и аврупоиҳо дар созиши ҳастаӣ боқӣ мондааст.

Вай созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро, ки пас аз гуфтугӯҳои тӯлонӣ ба даст омад, тавофуқе бо "натиҷаҳои хуб" хонд ва аз Аврупо ва "дигарон" хост барои "заҳматҳои худ ва амнияти ҷаҳонӣ сармоягузорӣ кунанд". Вазири умури хориҷии Эрон ишораи хосе ба кишварҳои "дигар" накардааст, аммо ба аъзои Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки "намешавад бидуни инки тар шуд, шино кард."

Ишораи вай ба худдории кишварҳои аврупоӣ аз пазируфтани мизбонии муомилоти молии вижа миёни Эрон ва Аврупо аст, ки бо вуҷуди умедвориҳои бисёри Эрон, ҳануз ба натиҷаи мушаххасе нарасидааст. Ин тарҳ, ки "Абзоре барои ҳадафе вижа" ном дорад, ба манзури пешгирӣ аз таҳримҳои Амрико алайҳи бонкҳое барномарезӣ шудааст, ки ба нақлу интиқоли пули содироти нафти Эрон мепардозанд.

Рӯзи панҷашнбеи 22-юми ноябр Аббос Ароқчӣ, муовини сиёсии вазорати умури хориҷии Эрон сабаби аслии напазируфтани мизбонӣ аз сӯи кишварҳои аврупоиро ҳушдори намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико дар умури Эрон, эълом кард.

Хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода буд, ки намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико дар умури Эрон дар тамоси телефонӣ бо ширкатҳои аврупоӣ дар мавриди тиҷорати ғайридолларӣ бо Эрон ҳушдор дода ва гуфтааст, ки Амрико "дар иҷрои таҳримҳо алайҳи ин режим бисёр ҷиддӣ аст".

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар нишасти Итолиё гуфтааст, ки "ҳама моро аҳли гуфтугӯ мешиносанд. Дипломатия як бозӣ нест ва мо ҳамеша барои амри ҷиддӣ омодаем". Муҳаммаҷавод Зариф айни замон аз "кундӣ"-и тиҷорати Аврупо бо Эрон интиқод кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳам эълон кардааст, ки Ҷумҳурии исломӣ танҳо бинобар "исрор"-и аврупоиҳо дар созиши ҳастаӣ боқӣ мондааст. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон пеш аз ин аз ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ хоста буд дар бораи масоиле назири созиши ҳастаӣ ё иқтисод аз аврупоиҳо "умеди худро канда" ва ба ваъдаҳои онҳо бо дидаи шубҳа нигоҳ кунанд.

XS
SM
MD
LG