Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Брюссел музокироти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо барпо мешавад


Музокироти вазирони хориҷа дар моҳи октябри соли 2016
Музокироти вазирони хориҷа дар моҳи октябри соли 2016

Рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Брюссел қарор аст мулоқоти вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо баргузор шавад. Аз Тоҷикистон дар ин нишаст вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ширкат мекунад. Дар ҷараёни ин мулоқот, ки барои бори дуюм дар соли ҷорӣ баргузор мешавад, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, вазъ дар Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкориҳо дар масоили обу энержӣ баррасӣ мешавад. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ин мулоқот дар остонаи таҳияи стратегияи нави ин ниҳод барои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки як бахши муҳими он масоили ҳуқуқи башар ҳам мебошад.

Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи омодагиҳо ба ин нишаст дар баробари хабарнигорони кишварҳои минтақа дар Брюссел ҳафтаи ҷорӣ гуфт:

“Ман ин навбат ҳам раҳбарии музокирот бо ҳамкоронам - вазирони хориҷии Осиёи Марказиро ба ӯҳда дорам, ки рӯзи ҷумъа барпо мешавад. Ин як бахши хеле мусбат ва илҳомбахши сиёсати мост. Мо ҳамеша сари масоили марбут ба низоъҳову бӯҳронҳо тамаркуз мекунем. Ҳамкориҳои бештари Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба хотири дастёбӣ ба натиҷаҳои мусбат ҷавобгӯи эҳтиёҷоти мо аст ва муҳим аст, ки ба хотири ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф мо дар самти дуруст ҳаракат кунем”.

Иттиҳодияи Аврупо як шарики муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва дар доираи стратегияи амалкунанда, ки солҳои 2014 то 2020-ро дар бар мегирад, ин кишварҳо дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар кӯмак дарёфт мекунанд.


XS
SM
MD
LG