Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон як кишоварз баъди мусодираи амволаш худкушӣ кард


Дар Узбекистон як кишоварз баъди мусодираи амволаш худкушӣ кард. Хешовандони Санҷар Баротови 33-сола аз вилояти Ҷиззахи Узбекистон рӯзи 21 ноябр ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, вай баъди он худкушӣ кард, ки амволаш мусодира шуд.

Санҷар Баротов шаби 6 ноябр дар назди манзилаш худро овехт. Ҷасади вай як рӯз баъд пайдо шуд. "Хешовандон фикр мекарданд, ки вай ба меҳмонӣ рафтааст. Додситони ноҳия ба тафтиши ҳодиса машғул аст", - гуфт як корманди пулис.

Рабим Баротов, падари Санҷар мегӯяд, чанд рӯз пеш аз худкушии писараш, кормандони Бюрои иҷрои ҷазо амволи ӯро мусодира карданд.

Рабим Баротов мегӯяд, интизор надошт, ки амалҳои ғайриқонунии мақомот боиси худкушии писараш мешаванд. "Агар аз рӯи қонун амал кунем, кормандони Бюрои иҷрои ҷазо ҳақ надоштанд, ки ба хонаи писари ман даромада амволашро мусодира кунанд. Зеро он амвол на танҳо ба Санҷар, балки ба ман ҳам тааллуқ доштанд. Тибқи шартнома, бонк бояд барои бозпас гирифтани қарзаш 14 моҳи дигар мунтазир мешуд", - гуфт Рабим Баротов.

Гуфта мешавад, Санҷар Баротов соли гузашта наздики 6 900 доллар ва имсол 10 ҳазор доллар аз бонк қарз гирифтааст. Ба гуфтаи Рабим Баротов ҳосили нохуби кишоварзӣ имкон надод, ки онҳо қарзи бонкро баргардонанд.

XS
SM
MD
LG