Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои поккории партовгоҳҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ $85 млн лозим аст


Мудири барномаи Комиссияи Аврупо Мартин Андерсен дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, барои безараргардонии партовгоҳҳои уран ва маводи радиоактивии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар деҳаи Минқуш ва шаҳри Майлуу-Сууи Қирғизистон ҷойгиранд, 85 миллион доллар лозим аст.

Ба гуфтаи ӯ, як қисми маблағ - ҳудуди 30 миллион доллар аллакай ҷамъоварӣ шудааст. "Боз 50 миллиони дигар лозим аст. Вале мунтазир намемонем, ки ин маблағ кай ҷамъ мешавад. Нақшаҳо омодаанд. Мехоҳем, сармоягузорони байналмилалӣ масъулиятеро ба зимма гиранд. Вақте мебинанд, ки дар Осиёи Марказӣ воқеан корҳо пеш мераванд ва натиҷае ҳам ҳаст, онҳо ба мо хоҳанд пайваст", - афзуд ӯ.

Пештар хабар доданд, ки 8 ноябр дар Лондон ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ барои поккории партовгоҳҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар ҳамоиш зикр шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо барои поккории партовгоҳҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 10 миллион доллар ҷудо мекунад. Иттиҳод барои ин пештар 16 миллион евро дода буд.

Бино бар омори мақомоти ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, дар ин кишвар 92 партовгоҳи маводи радиоактивӣ мавҷуд аст, ки 36-тои онҳо дар Майлуу-Суу ҷойгиранд. Ҳаҷми умумии маводи заҳрогину хатарнок дар ин кишвар 2,9 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG