Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз обу энержӣ то ҳуқуқи башар – Стратегияи нави Аврупо дар Осиёи Марказӣ


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки стратегияи нави ин ниҳод барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, қарор аст, то соли оянда таҳия шавад. Стратегияи нав, ба қавли онҳо, ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду иртиботот, энерживу об ва инчунин масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқи башарро дар бар хоҳанд гирифт.

Пинҳон намекунем, тағйироте, ки дар Узбекистон мегузарад, беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо боиси таваҷҷӯҳи зиёд шудааст

"Сармоягузорӣ то 30 дар сад афзоиш меёбад"

Ин нуктаро Борис Ярошевич, раиси шӯъбаи Осиёи Марказӣ дар хадамоти умури хориҷии Аврупо рӯзи 19-уми ноябр дар як мулоқоташ бо журналистони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Брюссел баён кард.

  • Сафари ҳайати журналистон ва шиносоӣ бо фаъолияти Иттиҳодияи Аврупо дар остонаи музокироти дуюми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИА дар шаҳри Брюссел баргузор мешавад, ки рӯзи 23-юми ноябр ҷараён хоҳад гирифт. Интизор меоравад аз Тоҷикистон дар ин нишаст ҳайате ба раҳбарии вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин ширкат кунад.

Ярошевич дар бораи ҷузъиёти стратегияи кори Иттиҳодияи Аврупо бо Осиёи Маркзаӣ дар солҳои наздик гуфт, як бахши муҳими ин стратегия ба тақвияти имкониятҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ, рушди додугирифтҳои тиҷоратӣ, эҳёи “Роҳи абрешим” ва дигар бахшҳои иқтисодӣ бахшида мешавад.

Федерика Моғеринӣ
Федерика Моғеринӣ

Ӯ гуфт, буҷети стратегия маълум нест, вале аз соли 2021 Иттиҳоди Аврупо ният дорад, дар доираи стратегияи худ дар Осиёи Марказӣ барномаҳои нави молӣ ҷорӣ кунад.

“Ҳарчанд ҳоло буҷети ин барномаҳо мушаххас нест. Мусаллам аст, ки сармоягузорӣ ба кишварҳои минтақа ва ҳар кишвар дар алоҳидагӣ то 30 дар сад афзоиш меёбад”, - гуфт Ярошевич.

"Кишварҳо бояд масъулияти худро иҷро кунанд"

Ба қавли Ярошевич, таваҷҷӯҳи Аврупо ба Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар робита бо Афғонистон ва нақши кишварҳои минтақа дар музокироти сулҳи ин кишвар рабт мегирад. Ӯ гуфт, ки дар стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ масъалаи пешбурди “манфиатҳову ҳадафҳои Аврупо дар минтақа, аз ҷумла дар бахши ҳуқуқи башар матраҳ шудааст”.

Ӯ гуфт, масоили ҳуқуқи башар барои Иттиҳодияи Аврупо хеле муҳим аст ва кишварҳое, ки узви СММ ҳастанду ӯҳдадориҳои байналмилалиро имзо кардаанд, бояд мутобиқ ба ин масъулиятҳои худ амал кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни музокирот бо мақомоти кишварҳои ОМ дар робита бо мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи башар, гоҳе аз рӯи ҳар як қазияи алоҳида амал мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе кишварҳо журналистон таъқиб мешаванд ваё пушти панҷара ҳастанд.

Тамоюлҳои мусбат

Ба гуфтаи Ярошевич, кишварҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои зиёд барои тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла, боз кардани роҳҳои нави иртиботӣ миёни ҳам ва бо кишварҳои берун аз минтақа доранд. Ӯ аз таҳаввулоти охири Узбекистон ситоиш кард, ки дар ду соли охир посгоҳҳои зиёди марзиро боз карда, бо кишварҳое, ки виза дошт, аз ҷумла Тоҷикистон, бекор кард. Ӯ гуфт, кори бештар аз ин ҳам ба хотири ҳамгироии минтақавӣ кардан мумкин аст.

“Пинҳон намекунем, тағйироте, ки дар Узбекистон мегузарад, беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо боиси таваҷҷӯҳи зиёд шудааст”, - гуфт ӯ.

Яхи равобити Тоҷикистону Узбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев об шуд
Яхи равобити Тоҷикистону Узбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев об шуд

Федерика Моғеринӣ, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки ҳамчунин бо ҳайати журналистони Осиёи Марказӣ дар Брюссел мулоқоте анҷом дод, гуфт, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақаро дар Аврупо ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд. Ӯ гуфт, “ҳоло ваҳдати комили ҳама кишварҳои узви ИА-ро мебинам, ки бо ҳамаи давлати ОМ ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Ин омодагӣ на танҳо марбут ба масоили сирф дохилӣ, ба мисли иртиботу энержӣ аст, балки инчунин кумак дар ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад”.

Соли 2015 Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо стратегияи худ барои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро қабул кард, ки солҳои 2014-2015-ро дар бар гирифта, буҷети умумиаш беш аз 1 миллиард евроро ташкил медод. Барои Тоҷикистон 30 дар сади ин буҷет ё 251 миллион евро ҷудо шуд.

Инчунин, Иттиҳодияи Аврупо Тоҷикистонро дар татбиқи ислоҳоташ дар системаи идоракунӣ, сиёсати тиҷоратӣ ва идоракунии молияи давлатӣ дастгирӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG