Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cокинони маҳаллаҳои атрофи 2 эстакада: Дар "бунбаст" мондем. ВИДЕО


Сокинони маҳаллаҳои миёни бинои ширкати "Барқи тоҷик" ва бинои мағозаи маъруф ба "Самсунг" тӯли ду соли ахир аз роҳҳои иртиботӣ маҳрум буда, дар як моҳи ахир комилан дар бунбаст қарор гирифтаанд. Сокинони ин маҳаллаҳо, ки теъдодашон ҳудуди як сад ҳазор нафар аст, мегӯянд, дар сурати зарурӣ ба манзилӣ онҳо на мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ва на сӯхторхомушӣ дастрасӣ надоранд.

Бозсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанберо созмонҳои молии байналмиллӣ сармоягузорӣ мекунанд.

Тӯли як моҳи ахир сокинони маҳаллаҳои 91, 92 ва 82-и пойтахти Тоҷикистон барои расидан ба манзилҳои худ водор мешаванд зери офтобу борон аз 3 то 5 километр роҳро пиёда тай кунанд. Субҳи 20-уми ноябр вақте ба ин маҳалли шаҳри Душанбе омадем, роҳҳои миёни ду чорраҳаи сетабақаро валангор дарёфтем. Сокинон зери борони шадид ҳатто бо аробаҳо бори худро мекашонданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бунёди эстакада дар Душанбе мардумро саргардон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

"Имкон набуд як тарафи роҳро созанд, баъд дигарашро?"

Гуландом Рустамова, сокини маҳаллаи 92-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки саломат аст ва метавонад роҳро пиёда кунад, аммо барои ба мактаб бурдани фарзандонаш бо мушкил рӯбарӯ аст. Зеро, наздиктарин истгоҳи нақлиёти мусофиркашон дар се километр дуртар аз манзилаш воқеъ аст.

Хонум Рустамова афзуд, "роҳ вайрона ва пур аз лой аст. То кай мо ҳамарӯза баъд аз расидан ба хона бояд соатҳо либосу пойафзоламонро шустушӯ кунем? Магар имкон набуд, ки нахуст як тарафи роҳро бозсозӣ кунанд ва сипас тарафи дувумро? Магар мақомот аз ҳоли мо хабар надоранд? Медонам, ки мақомот доимо мошинсавор ҳастанд ва фарзандонашонро низ бо мошин ба мактаб мебаранд. Аммо, мо чӣ кор кунем? Агар ҳодисаи нохуше рух диҳад, ҳеҷ як мошини "Ёрии таъҷилӣ" ё сӯхторхомушкунӣ ба назди хонаҳои мо расида наметавонад".

"Рӯзе то 10 км пиёда меравам"

Ғолиб Исломов, ҳунарманди тоҷик ва сокини маҳаллаи 92 мегӯяд, ки дар як моҳи ахир ҳеҷ нақлиёти мусофирбар аз наздикии ин маҳалла намегузарад ва зиндагиаш бо мушкили зиёде рӯбарӯ шудааст. Вай афзуд, ки ҳамарӯза водор мешавад то 10 километр масофаро пиёда убур кунад.

Исломов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, ки қаблан аз ин маҳалла микроавтобусҳои 25 ва 52 мегузашт ва ҳоло бошад маҷбур ҳастанд то ба назди бинои Вазорати об раванд ва аз он ҷо ба нақлиёт бишинанд. "Мефаҳмам, ки ин амри ноилоҷӣ аст ва бояд тоқат бикунем, дигар чорае надорем",-афзуд вай.

Мағозаҳо бе муштарӣ монданд

Мушоҳидаҳои мо аз ин маҳалла нишон дод, ки бештаре аз мағозаҳои замоне маъруф назири "Мебели Белорусу Русия" ва чанд супермаркет ба далели камбуди мизоҷон фаъолияти худро қатъ карда, дар тирезаҳояшон эълони ба иҷора доданро часпонидаанд. Ҷовид Сафаров, фурӯшандаи мағозаи либоси "Матин" дар сӯҳбат бо мо изҳор дошт, ки баъд аз бозсозии ин қитъаи роҳ теъдоди мизоҷони ин дӯкон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Вай гуфт: "Савдои мо хубтар буд, роҳро, ки маҳкам карданд, тиҷорат камтар шуд, Муштариёни доимӣ ҳам дорем, ки бо мошини худ омада, воситаи нақлиёти худро дуртар аз ин маҳалла мегузоранду пиёда ба мағозаи мо меоянд. Дар орзуи он ҳастем, ки зудтар бозсозии ин роҳро анҷом диҳанду тиҷорати мо дубора беҳтар шавад".

Масъулони тарабхонаи маъруфи "Лесная сказка" гуфтанд, ки дар бунбасти иртиботӣ қарор доранд ва теъдоди андаке аз сокинони ин маҳалла аз хадамоти онҳо истифода мекунанд. Масъулони ин тарабхона низ дар фикри қатъи фаъолияти худ ҳастанд.

Вазорат ё шаҳрдорӣ?

Ҳамкнун ин савол матраҳ аст, ки чӣ гуна мақомот зимни таҳияи тарҳи бозсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе эҳтимоли чунин мушкилоти иртиботии сокинонро сарфи назар кардаанд?

Мақомоти шаҳрдорӣ, аз ҷумла, муовини аввали шаҳрдор Маҳмадсаид Зувайдзода дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки масъули иҷрои ин тарҳ Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аст ва посух ба ин саволро бояд аз онҳо пурсид. Аммо ин маҳалла дар шаҳри Душанбе воқеъ аст ва чӣ гуна бидуни машварат бо масъулони шаҳрдорӣ чунин наҳваи иҷрои тарҳ амалӣ мешавад, норӯшан аст.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан иҷрои ин тарҳро вазорат бар ӯҳда дорад. Вале, ба гуфтаи ҷаноби Ганҷалзода, танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт бар зиммаи комиссияи муштарак вогузор шудааст.

Вай афзуд, аз ҳисоби масъулони вазорати нақлиёт, шаҳрдорӣ ва БДА комиссияи мушатарак таъсис шудааст ва салоҳияти танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин маҳалла бар зиммаи ин комиссия аст. "Ин комиссия тасмим мегирад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар кадоме аз кӯчаҳо масдуд карда шавад",-афзуд вай.

То ду соли дигар роҳбандӣ?

Бозсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанберо созмонҳои молии байналмиллӣ сармоягузорӣ мекунанд. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ сохтмони ду чорроҳаи сетабақа ё эстакада дар назар аст. Сохтмони эстакадаи аввалӣ ду сол қабл оғоз шуда, соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Аммо то ҳол танҳо табақаи поинии он фаъол мебошад. Сохтмони эстакада дар маҳаллаи мавсум ба Қарияи Боло соли ҷорӣ оғоз шуд ва мақомот мегӯянд, то ду соли дигар анҷом дода мешавад. То он замон сокинони маҳаллаҳои миёни ин ду роҳи сетабақа чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд, норӯшан боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG