Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯбоҳ дар мурғхона" - Мухолифат ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол. ВИДЕО


Генерал-майор Александр Прокопчук
Генерал-майор Александр Прокопчук

Сенаторҳои ИМА ба таъйини генерали Русия Александр Прокопчук ҳамчун раҳбари нави "Интерпол" мухолифт карданд.

"Генерали рус дар садри пулиси байналмилалӣ мисли "рӯбоҳ дар мурғхона аст", - омадааст дар номаи саркушодаи сенаторҳо ба президенти Амрико Доналд Трамп ва маҷмаи кулли Интерпол.

Ба муроҷиатнома чаҳор сенатор: ду сенатори ҷумҳурихоҳ - Роҷер Уикер ва Марко Рубио ва ду сентатори демократ - Ҷин Шаҳин ва Крис Кунс имзо гузоштанд.

Онҳо мегӯянд, "Русия борҳо қонунҳои Интерполро поймол карда, онҳоро барои интиқомгирӣ аз ҳарифони сиёсияш, дигарандешон ва хабарнигорон истифода кардааст". Дар баробари ин, ба гуфтаи сенаторҳо, худи Прокопчук "дар татбиқи стратегияи тарсу ҳарос, ки ба заиф кардани институтҳои демократӣ ва тақвияти режими худкомаи Владимир Путин равона шудааст, шахсан иштирок кардааст.

"Рӯбоҳ дар мурғхона" - Мухолифат ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Қаблан намояндагони Форуми оппозитсионии "Русияи озод" ба эҳтимоли таъйини Прокопчук ба раҳбарии Интерпол вокуниш карданд. Онҳо гуфтанд, "намояндаи кишваре, ки озодиҳои шаҳрвандонашро нақз мекунад, тааҳуди байналмилалиашро риоя намекунад, қаламрави кишвари дигарро ғасб мекунад ва дар чанд ҷанги ишғолгарона иштирок кардааст, наметавонад раҳбари Интерпол бошад".

Аз чунин мавқеъ соҳибкорон аз "рӯйхати Титов" низ хабар доданд. Онҳо мегӯянд, Вазорати корҳои дохилии Русия масъулияти нақзи бешумори ҳуқуқи инсонро бар дӯш дорад. "Ин ниҳод бо фасодкорӣ, хизмат ба сарватмандон машҳур аст ва кормандонаш пайваста ба муносибати ғайриинсонӣ ва шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам ва муҷрим эътироф шудаанд",- омадааст дар муроҷиатномаи ин гурӯҳ.

Муаллифони ин изҳорот аз маҷмаи кулли Интерпол даъват карданд, ки ба номзадии Александр Прокопчук овоз надиҳанд.

Украина низ ба ин номзад мухолифат дорад. Киев гуфт, ки агар намояндаи Русия дар курсии раҳбарӣ нишинад, Украина аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд. Баъди пахши хабари довталабии Прокопчук ба раҳбарии Интерпол, маълум шуд, ки бародари ҳамхуни ӯ намояндаи Украина дар САҲА аст.

Вазорати корҳои хориҷии Украина ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ки низоъ бо Русия дӯстон ва хешонро дар ду тарафи ҷабҳа қарор дод ва итминон дод, ин хешутаборӣ ба фаъолияти Прокопчуки хурдӣ дар САҲА таъсир надорад.

Интихоби раҳбари нави пулиси байналмилалӣ ё Интерпол, рӯзи 21-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад. Генерал-майор Александр Прокопчук аз соли 2006 муовини раҳбари идораи миллии Интерпол буд. Соли 2011 ӯ раҳбари идораи миллии Интерпол дар назди Вазорати корҳои дохилии Русия таъйин шуд. Кремл аз эҳтимоли интихоби Прокопчук ба мақоми раҳбари Интерпол пуштибонӣ кардааст.

То чанде пеш намояндаи Чин - Мэн Ҳунвэй раҳбари пулиси байналмилалӣ буд. Моҳи октябр ӯ баъди сафар ба ватанаш нахуст нопадид шуд ва баъдан, бинобар оғози таҳқиқи парвандааш бо иттиҳоми фасодкорӣ, аз мақом истеъфо дод.

Феълан раҳбарии даври гузаришро дар Интерпол намояндаи Корея Ҷанубӣ Ким Йонг Ян бар дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG