Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоира ба чорякфинали қаҳрамонии бокси ҷаҳон баромад


Шоира Зулқайнарова, варзишгари 23-солаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ ҷараён дорад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило дар даври аввал 17-уми ноябр бар Стефани Пинейро Ақуино аз Пуэрто-Рико бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад. Шоира дар даври дуюм 19-уми ноябр бар Мартина Шморанзова аз Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 3:2 дастболо шуда, ба чорякфинал баромад. Муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ шоми имрӯз, 20-уми ноябр, бо Дан Доу аз Чин рақобат мекунад.

Ҳамин тариқ, Шоира Зулқайнарова, ки дар баробари муштзанҳои 32 кишвари дигар ба ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ даст ёфт, муборизаро барои медали қаҳрамонии бокси ҷаҳон идома медиҳад.

Вале дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Деҳлӣ ду муштзани дигари тоҷик – Миҷгона Самадова ва Гулмира Исроилова - ноком шуданд. Миҷгона дар вазни зери 57 кило дар нахустин рақобати худ аз Ҷо Сун Ҳва аз Кореяи шимолӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Гулмира бошад, дар вазни зери 81 кило бо Виктория Кебикава аз Беларус рақобат кард. Бо тасмими довар қувваозмоӣ дар раунди аввал (2:40) бинобар бартарии комили муштзани беларусиягӣ қатъ шуд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар Маҷмааи варзишии ба номи Индира Гандии Деҳлӣ доир шудааст, 277 варзишгари беш аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат дорад. Онҳо барои 10 маҷмуи медалҳо аз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо (-48, -51, -54, -57, -60, -64, -69, -75, -81 ва +81кг) мубориза мебаранд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) шуруъ аз соли 2001 барои бори даҳум баргузор мешавад. Беҳтарин натиҷаи варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф Мавзуна Чориева мебошад, ки моҳи майи соли 2012 дар Чин ба даст овардааст. Инчунин ӯ тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG