Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Покистонро аз миллионҳо доллар кумаки низомӣ маҳрум кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп аз қарори маъмурияташ барои маҳрум кардани Покистон аз миллионҳо доллар кумаки низомӣ пуштибонӣ ва Исломободро ба ин муттаҳам кард, ки кореро барои Амрико анҷом надодааст.

Трамп наздик ба 800 миллион долларро, ки мебоист Исломобод имсол дарёфт кунад, надод ва гуфт, ки ин кишвар барои маҳви пинҳонгоҳҳои Толибони Афғонистон ва шабакаи Ҳаққонӣ дар марзҳояш, ба андозаи кофӣ талош намекунад.

Президенти Амрико рӯзи 18 ноябр дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Fox News Покистонро ба пинҳон кардани раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден муттаҳам кард. Раҳбари Ал Қоидаро нируҳои дарёии Амрико дар пинҳонгоҳаш дар Аббутободи Покистон бомдоди 2 маи соли 2011 ба қатл расонданд.

Хонае, ки Бин Лоден дар он солҳо пинҳон буд, дар фосилаи кӯтоҳ аз Академяи низомии Покистон қарор дошт.

Авоили соли 2018 Трамп дар твиттер навишт, ки "Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар 15 сол ба Покистон беш аз 33 миллиард доллар дод ва онҳо дар ҷавоб ба мо ҷуз дуруғу фиреб чизе надоданд ва раҳбарони моро аҳмақ хаёл мекарданд".

Покистон ин иттиҳомро, ки барои мубориза бо терроризм талоши кофӣ анҷом намедиҳад ва ба ҷангиёни Афғонистон пагоҳгоҳ медиҳад, рад мекунад.

XS
SM
MD
LG