Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули КДАМ: "Муҳоҷират яке аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст"


Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси КДАМ.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, раванди муҳоҷират дар баробари паҳлӯҳои мусбат, боиси ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ гаравидани ҷавонони тоҷик мешавад.

Умаров: "Муҳоҷират паҳлӯҳои манфӣ ҳам дорад"

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар хониши порлумонӣ, ки дар мавзӯи "Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ ва тундгароии хушунатомез" доир шуд, дар назди вакилон муҳоҷиратро яке аз омилҳои гаравидани ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ унвон кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, роҳи дурусти ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таъсис ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон аст.

Муовини аввали раиси КДАМ аз ҷумла гуфтааст, "раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлӯҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд".

Генерал Умаров дар баробари муҳоҷират чанде аз омилҳои дигари гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиро номбар кардааст, ки ҳанӯз ҳам ба гуфтаи ӯ, "ташвишовар" боқӣ мемонад.

Гилаи Умаров аз зиёиён ва мақомоти зирабт

Умаров аз ҷумла "баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа", таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои динӣ", "афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ", "паҳнкунии идеологияи диниву ифротӣ" тавассути шабакаҳои иҷтимоиро сарчашмаҳои ифротишавии ҷавонон ном бурдааст. Дар идома ин мақоми Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз мақомоти салоҳиятдор ва бетарафии зиёиён гила кардааст, ки боиси густариши идеологияи динӣ шудааст.

Умаров аз ҷумла гуфтааст, "то як андоза канораҷӯӣ намудани ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти дунявӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли илму зиё ва фарҳанг, ки дар натиҷа, дар мафкураи ҷавонон холигии ғоявиро ба вуҷуд оварда, ба пур кардани он бо идеологияи динии ифротӣ мусоидат мекунад".

Исмонов: "Пешниҳод кардем, методҳо каме нав шаванд"

Саидҷаъфар Исмонов.
Саидҷаъфар Исмонов.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон, рӯзи 19-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ низ дар ин хониши порлумонӣ ширкат варзида, суханронӣ ҳам дошт. Исмонов гуфт, миёни вакилон ва мақомоти қудратӣ дар робита ба мавзӯи терроризму ифротгароӣ радубадали хеле созанда ҷараён гирифт ва аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки мақомот бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгириро густариш диҳанд.

"Мо пешниҳод кардем, ки методҳои идеологӣ каме нав карда шаванд, тарғибот бо усулҳои нав сурат бигирад. Бо ҷавонон бо забон, шеваи нав имрӯз бояд сӯҳбат кард, ки он барои онҳо муассир бошад. Чунки ҷаҳон ҳар рӯз дар ҳоли тағйир аст. Дар айни ҷавонӣ аксарият мехоҳанд зуд ба ягон дастовард бирасанд. Дар натиҷа ба доми гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ифротгаро меафтанд”, гуфт Исмонов.

Чӣ гуна халои идеологӣ ба миён омад?

Абдуқодир Талбаков, муҳаққиқи тоҷик ва роҳбари Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ишораи Умаров дар мавриди ба вуҷуд омадани як халои идеологӣ ҷо дорад ва он дар натиҷаи рукуди маориф дар оғози солҳои истиқлолият рух дод.

"Дар оғози солҳои истиқлол ва ҳодисаҳо, бисёре аз устодони пуртаҷриба бинобар камбуди маош мактабро тарк карданд. Ҷойи онҳоро ҷавононе гирифтанд, ки бояд эътироф кард малакаву дониши муллимони қаблиро надоштанд. Дар пасманзари ин муаллимони ҷавон, муллоҳо ва ходимони дин донотор баромаданд. Бо суханрониҳои худ мардумро ба худ ҷалб карда, майдонро аз худ ва ҳушу гӯши ҷавононро аз худ карданд", гуфт Талбаков.

Абдуқодир Талбаков
Абдуқодир Талбаков

Ин муҳаққиқи тоҷик гуфт, ҳарчанд ҳоло ҷараёни босуръати мазҳабишавии ҷомеа дар дохили Тоҷикистон то ҳадде танзим шуд, аммо раванди дар муҳоҷират мазҳабӣ шудани ҷавонон баръало мушоҳида мешавад.

"Ман аз мушоҳидаҳои худ мегӯям, ки пештар агар касе Русия рафта меомад, ҷаҳонбиниаш васеъ шуда, каме феълу рафторҳои русҳоро бо худ меовард. Ҳоло бошад ҷавонон Русия рафта мазҳабӣ шуда бармегарданд. Дар туйҳои арӯсӣ бо арӯсашон сари миз намебароянд, рақсу суруд намешавад, худашон шароб наменӯшанд ва дигаронро ҳам намегузоранд. Дар бисёре аз деҳаҳои кӯҳистони кишвар ҳоло тӯйҳо бидуни овозхонҳо доир мешавад",-мегӯяд Талбаков.

Талбаков афзуд, раванди мазҳабишавӣ дар Тоҷикистон, ки аз солҳои 90-ум авҷ гирифта буд, то ҳадде ба танзим даромад, аммо муҳоҷирон ҳанӯз ҳам зери идеологияи динӣ дар Русия қарор доранд, чун касе онҳоро дар он ҷо назорат намекунад.

Дар Русия беш аз 1 миллион нерӯи корӣ дар Тоҷикистон машғули кор аст ва даромади сеяки хонаводаҳои кишвар аз ҳисоби муҳоҷират ба даст меояд.

"Набояд аз ҳама муҳоҷирон гумонбар шуд"

Музаффар Олимов, як таҳлилгари тоҷик, ки мавзӯи муҳоҷирати кориро омӯхтааст, мегӯяд, воқеан ҳам дар муҳоҷират риски ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгаро ҷалб шудани ҷавонон бештар аст.

Музаффар Олимов.
Музаффар Олимов.

Аммо ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, набояд аз ҳама муҳоҷирон гумонбар шуд, зеро аксарият пайрави кадом як гуруҳу ё ҳизби ифротӣ нестанд балки шабу рӯз банди кор ва дар талоши пайдо кардани ризқи худу хонаводаашон ҳастанд.

Олимов гуфт, ҳамагуна кӯшишҳои маҳдуд кардани равуои муҳоҷирон аз диндорӣ кори хато хоҳад буд. Ӯ гуфт: "Фарз кардем дар фурудгогҳ ҳар як муҳоҷирро доштану дар мавриди диндорӣ пурсидан ин роҳи ҳал нест. Вай одам метавонад тақводору намозхон ва боодоб бошад. Диндорӣ ба маънои вайрон кардани қонун ва ё ифротгаро шудан нест".

Олимов мегӯяд, роҳи дурусти ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таъсис ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон аст, ки зарурате барои саросар ба муҳоҷирати корӣ рафтани ҷавонон боқӣ намонад.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG