Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моника Левинский ҷузъиёти "кори Клинтон"-ро дар як сериал боз мекунад


Моника Левински
Моника Левински

Моника Левински мегӯяд, ки президенти пешини ИМА Билл Клинтон аз ӯ хоста буд, ки аз рӯи робитаи маҳрамонаи байни онҳо шоҳидӣ надиҳад. Дар ин бора Левински дар як сераили мустанад бо номи "Кори Клинтон" ҳикоят мекунад, ки дар шабакаи телевизионии A&E ба намоиш даромад.

Достони ишқварзии таҷрибаомӯзи кохи Сафед Моника Левинскии 22-сола бо Билл Клинтон, ки он вақт президенти Амрико буд, соли 1998 ошкор шуд. Он замон раҳбари ИМА далели доштани робитаи маҳрамона бо Левинскиро рад кард. Клинтон баъди он ки гуфтаҳои қаблиашро тағйир дод, ба дуругӯӣ муттаҳам шуд ва ин қариб буд ӯро аз қудрат маҳрум кунад.

Моника Левински гуфт, навобардории сериал ба ӯ имкон дод, ки ҳодисаҳои пешинро дубора қазоват кунад.

Ӯ гуфт, ки то ҳол аз рафторе, ки 20 сол пеш дошт, шармаш меояд. Чанд рӯз пеш ӯ аз Ҳиллари Клинтон, ҳамсари президенти пешин ва Челси, духтари ӯ, узр пурсид. Левински ҳамзамон гуфт, аз ин нороҳат аст, ки Билл Клинтон аз ӯ маъзарат нахост.

Моҳи март Левинский дар маҷаллаи Vanity Fair робитааш бо Клинтонро як муносибати "нобаробар" арзёбӣ кард, зеро ин робитаи як таҷрибаомӯз бо прездент буд. Моника Левински ҳамзамон эътироф кард, ки ӯ бидуни фишор аз ҷониби Клинтон бо ӯ муносибати маҳрамона барпо кард.

XS
SM
MD
LG