Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҳузури бе визаи шаҳрвандони Осиёи Марказиро тамдид кард


Яке аз кӯчаҳои Истамбул
Яке аз кӯчаҳои Истамбул

Туркия 10 ноябр расман эълом кард, ки шаҳрвандони Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон метавонанд то 90 рӯз, дар ин кишвар бидуни раводид (виза) ба сар баранд. Пештар ин муҳлат 30 рӯзро ташкил медод.

Вазорати умури дохилии Туркия беш аз 30 ҳазор шаҳрванди Узбекистонро расман ба қайд гирифтааст, ки дар он кишвар қонунӣ кор мекунанд. Боқӣ ё бо раводиди сайёҳӣ ва ё ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Бино ба омори моҳи ноябри соли 2018, дар Туркия беш аз 787 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ расман ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 383 ҳазори онҳо бо раводиди кутоҳи сайёҳӣ кор мекунанд. Шумори онҳое, ки бо раводиди корӣ фаъолият доранд, ба 56 ҳазор мерасад. Бар пояи омори Вазорати умури дохилии Туркия, аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҳама бештар шаҳрвандони Туркманистон ва Узбекистон барои кор ба он кишвар мераванд.

XS
SM
MD
LG