Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи "Панҷшер" дар Хуҷанд бар "Эсхата"


Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозии аввали гузариш тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 6:2 шикаст дод ва барои мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли оянда нигаҳ доштан заминаи устувор гузошт.

Бозии аввал барои ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2019 рӯзи якшанбеи 18-уми ноябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

«Панҷшер», ки дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мақоми пешазохирин - ҳафтумро касб намуд, бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал - «Эсхата»-и Хуҷанд – рақобат кард. Меҳмонон бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуданд.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Панҷшер” ва “Эсхата” 22-юми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мешавад.

Бозиҳои гузариш барои ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ-2019

Бозии аввал

«Эсхата» – «Панҷшер» – 2:6

Голҳо: Эйя Эдвард, 23 (0:1). Шавкат Худойназаров, 39 (0:2). Равшанҷон Азизов, 43 (0:3). Боҳирҷон Сангинов, 45+1 (1:3). Сорбон Авғонов, 52 (1:4). Ҷӯрабой Исоев, 76 (2:4). Сорбон Авғонов, 81 (2:5). Саидакбар Юнусов, 90+1 (2:6).

«Эсхата» (Хуҷанд): Бахтиёрҷон Ҷӯраев, Иброҳим Раҳматов, Музаффар Бобоҷонов, Амирҷон Ҳомидов, Абдураҳмон Узоқов, Боҳирҷон Сангинов, Амирҷон Раҳимов (Абдумалик Шодиев, 46), Иброҳимхон Эшонхонов (Баҳриддинхон Бобохонов, 79), Хусравҷон Бобоев (Суҳробҷон Сабуров, 46), Рустамҷон Сабуров, Ҷӯрабой Исоев.

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Куайе Годсон, Алишер Салимов, Шавкат Худойназаров, Сорбон Авғонов (Маҳмуд Ғаюров, 85), Алишери Ҳотам, Фаршед Ҷамшедзода, Равшанҷон Азизов, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Мунир Давлатбеков (Саидакбар Юнусов, 77), Шаҳбози Шарифӣ, Эйя Эдвард (Хайриддин Турахонов, 67).

Огоҳӣ: Музаффар Бобоҷонов, Ҷӯрабой Исоев, Иброҳим Раҳматов («Эсхата»), Сорбон Авғонов, Саидакбар Юнусов («Панҷшер»).

Беҳтарин бозигари дидор: Сорбон Авғонов («Панҷшер»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

18-уми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 600 тамошобин.

Бозии ҷавобӣ

22-юми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 13:00

«Панҷшер» – «Эсхата»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

XS
SM
MD
LG