Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаркалони Роғуншоҳ: “Орзу дорем, Саҳмиябонуро арӯс кунем”


Роғуншоҳ, сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, 9-сола шуд. Пас аз 9 соли таваллуди ӯ нахустин чархаи нирӯгоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад.

  • Ӯ бо аҳли хонаводааш маросими ифтитоҳи расмии чархаи аввали Роғунро тариқи телевизион тамошо кард. Маҳз ба ёди ҳамин рӯз бобояш Абдуллоҷон Бобохонов ӯро Роғуншоҳ ном гузошта буд.
Баъди таваллуди Роғуншоҳ мо фаҳмидем, ки кӯдаке дар Ёвон ба дунё омадааст ва падару модараш ӯро Саҳмиябону ном гузоштаанд. Бобояш мегуфтанд, ки нишонии хонаи ӯро ёфта монед ва худам рафта ӯро барои Роғуншоҳ хостгорӣ мекунам

Роғуншоҳ дар синфи севум мехонад​

Муҳаббатхон Бобохонова, модаркалони Роғуншоҳ, рӯзи 17-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наберааш моҳи декабри сои 2009, дар авҷи даъватҳо барои сохтмони Роғун бо нирӯи худӣ ва фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ, ба дунё омадааст. Ӯ гуфт, "кӯдакро аз таваллудхона оварданду гуфтанд, ки номашро Роғуншоҳ мемонем. Ба номи набераашон ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмия низ хариданд. Ба умеде, ки Роғун сохта шавад ва набераи мо ба ҳайси энергетик дар ҳамин нирӯгоҳ кор кунад."

Роғуншоҳ фарзанди дувуми хонадон аст ва айни замон дар мактаби рақами 21-и деҳаи Маданияти ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳсил дорад.

Ба қавли модаркалонаш, Роғуншоҳ дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад ва ҳоло дар синфи севум таҳсил дорад. Бобохонова мегӯяд, набаерааш бо номи худ ифтихор мекунад.

"Ба бузургии ин ном вақте сарфаҳм меравед, ки..."

"Вақте бобояш номи Роғуншоҳро гузоштанд, бисёриҳо сарфаҳм нарафтанд. Чанде аз дӯстони бобояш ҳам мегуфтанд, ки чаро чунин ном гузоштӣ? Он кас мегуфтанд, вақте нерӯгоҳи Роғун ба кор дарояд, баъд ба бузургии ин ном сарфаҳм меравед. Мо ҳама аҳли оила ин номро қабул кардем", - гуфт Муҳаббатхон Бобохонова.

Хонум Бобохонова гуфт, шавҳараш Абдуллоҷон Бобохонов се сол қабл аз дунё гузашт ва орзуи дидани тӯйи домодии набераашро бо худ ба хок бурд. Ӯ ният доштааст, ки Роғуншоҳро бо Саҳмиябону ном духтаре аз ноҳияи Ёвон хонадор кунад.

"Писари ман ба ҳайси фарди низомӣ дар Душанбе кор мекард. Баъди таваллуди Роғуншоҳ мо фаҳмидем, ки кӯдаке дар Ёвон ба дунё омадааст ва падару модараш ӯро Саҳмиябону ном гузоштаанд. Бобояш мегуфтанд, ки нишонии хонаи ӯро ёфта монед ва худам рафта ӯро барои Роғуншоҳ хостгорӣ мекунам", - ба ёд овард Бобохонова.

Энергетик шуданист ё низомӣ?

Роғуншоҳ, ки айни ҳол дар синфи севум мехонад, баръакси хостаи бобо орзуи ба мисли падар ва амакҳояш як шахси низомӣ шуданро дорад. Аммо модаркалон мегӯяд, ин ҳанӯз як шавқи кӯдакӣ аст ва шояд бо бузургтар шудан, Роғуншоҳ касби энергетикро интихоб кунад.

Дар авҷи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар соли 2010 дар ноҳияи Ёвон волидоне тасмим гирифтанд, ки номи тифли худро Саҳмиябону гузоранд. Барои Саҳмиябону номгузорӣ кардани тифл, ки як навъ таблиғи маъракаи саҳмияфурӯшӣ ба шумор мерафт, Бароталӣ Юсупов, раиси вақти ноҳияи Ёвон ба волидони ин тифл ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро тақдим карда буд.

Саҳмияҳо - Аз Сангтӯда то Роғун

Дар охири солҳои 90-ум ҳукумат барои сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба мардум саҳмия фурӯхта буд, ки дар ниҳоят ин нерӯгоҳ бо сармояи Русия бунёд шуд. Баъдан дар соли 2009 Тоҷикистон эълон дошт, ки нерӯгоҳи азими "Роғун"-ро худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи фурӯши саҳмияҳоро шурӯъ кард.

Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Соли 2013 Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра ё сарбахш 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳомони Роғун аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG