Додраси федеролии Амрико амр дод, ки Кохи сафед эътиборнома ё акредитатсияи хабарнигори CNN Ҷим Акостаро барқарор кунад.
Додраси додгоҳи минтақавии ИМА Тимоти Келли амри муваққатии маҳдудият содир кард ва аз маъмурияти президент Трамп хост, ки вуруди хабарнигори аршади CNN Ҷим Акоса ба Кохи сафедро таъмин кунад.
Маъмурияти Кохи сафед гузарномаи Ҷим Акостаро рӯзи 8 ноябр, баъди ҷанҷоли ӯ бо президент Трамп дар нишасти матбуотӣ, бекор кард.
Сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дертар хабарнигорро ба рафтори номуносиб муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, Акоста ба духтари таҷрибаомӯзи Кохи Сафед, ки мехост микрофонро аз хабарнигор бигирад, даст расонд.
Ҷанҷоли лафсии Акоста бо президент Трамп дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки хабарнигор бо чанд суоли чолишбарангез аз Трамп посух хост. Ӯ аз ҷумла пурсид, ки чаро президент дар маъракаи интихоботи миёндаврӣ муҳоҷиронро "ишғолгар" номид ва ҳамчунин суол кард, ки оё Трамп аз таҳқиқи робитаи эҳтимолии тими интихоботияш бо Русия нигарон нест. Президент дар посух Акостаро "фарди бисёр дағал ва ваҳшатнок" номид. Трап бо хабарнигорони дигар низ вориди баҳс шуд.
Ин мухолифати аввалини Трамп бо Ҷим Аксота нест. Дар нишасти матбуотии оғози соли 2017, пеш аз оғози фъолияти Трамп ҳамчун раиси ҷумҳур, ӯ аз посух додан ба суоли Акста даст кашид ва гуфт, ки CNN "хабарҳои тақаллубӣ" пахш мекунад.
Раҳбарияти CNN бархурди президентро танқид кард ва Кохи сафедро ба додгоҳ кашид.