Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти FIFA "Истиқлол"-ро табрик кард


.
.

Ҷанни Инфантино, раиси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), дар як номаи худ ба унвони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанберо бо пирӯзиаш дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон табрик кардааст.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар номаи Инфантино, аз ҷумла, омадааст: «Мӯҳтарам раис! Лутфан, табрикоти гарму ҷӯшони маро ба бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бори ҳафтум унвони қаҳрамониро сазовор шудааст, бирасонед. Ин ғалабаи тамоми даста аст. Бинобар ин таманниёти самимонаи маро ба ҳамаи бозигарон, мураббиён, кормандони техникиву тиббӣ, инчунин, ба мухлисони даста, ки бешак, дар пирӯзии бошгоҳи худ саҳми муҳим гузоштаанд, бирасонед. Аз номи аҳли ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ ба «Истиқлол»-и Душанбе дар оянда барори кор ва муваффақият мехоҳам.»

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ҳафт бор (солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018) медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро ба даст овардааст, дар мавсими нав бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) бозӣ мекунад.

Барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтан ба қаҳрамони Тоҷикистон зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ бошгоҳи футболи АГМК-и Узбекистан, баъдан дар даври плей-офф бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудиро мағлуб намояд.

Бозӣ бо АГМК 12-уми феврали соли оянда дар шаҳри Алмалики Узбекистон доир мегардад. Дар мавриди пирӯзӣ бар АГМК “Истиқлол” дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа баромадан 19-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср» рақобат мекунад.

XS
SM
MD
LG