Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон тӯҳфаи Чингиз Айтматовро оташ заданд


Дар Қирғизистон афроди ношинос мошини ҳунарманди мардумии СССР ва филмсози маъруф Болот Шамшиевро рабуда, оташ заданд. Худи Шамшиев бо тасдиқи ин хабар гуфт, аллакай ба Шуъбаи пулиси ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек шикоят кардааст.

Ба гуфтаи ҳунарманд, мошини ӯро шоми 8 ноябр аз назди манзили зисташ рабудаанд. Кормандони пулис баъд аз шикояти Шамшиев мошинро дар деҳаи Молдовановкаи вилояти Чуй пайдо карданд, ки оташ зада шуда буд.

Коргардони қирғиз мегӯяд, аз дохили мошинаш чизеро надуздидаанд. Ин "Мерседес"-ро ӯ соли 1993, замони сафирии нависандаи мардумии Қирғизистон Чингиз Айтматов дар кишварҳои Бенилюкс дарёфт карда буд. Айтматов он замон дар таҳияи асноди мошин ба филмсоз кумак карда, ҳатто онро то ба Қирғизистон худаш овардааст. Ба гуфтаи Шамшиев, афроди ношинос медонистанд, ки "Мерседес" ба ӯ тааллуқ дорад ва "онро махсус рабуданд".

Ҳунарманди мардумии ҶСШ Қирғизистон ва СССР Болот Шамшиев 77 сол дорад. Ӯ бо филмҳои "Оташкушоӣ дар ағбаи Караш", "Киштии сафед" ва "Турнаҳои барвақтӣ" маъруф аст.

XS
SM
MD
LG