Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Туркия ба зарурати таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи қатли Хошуқҷӣ


Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу ба зарурати таҳқиқоти байналмилалӣ дар хусуси қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ, таъкид кардааст. Мавлуд Човушоғлу гуфтаааст, "мо бовар дорем, дар марҳилаи кунунӣ як таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ зарурӣ аст."

Раиси ҷумҳури Туркия таъкид кардааст, ки қатли Ҷамол Хошуқҷӣ барномарезшуда буд ва ба назари ӯ мақомҳои баландпояи Арабистони Саудӣ дастури онро содир карда буданд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ, ки барои рӯзномаи "Вашингтон пост" мақола менавишт, рӯзи дуввуми октябр барои сабти издивоҷи худ ба консулгарии он кишвар дар Истанбул рафт, аммо дигар аз он бино берун нашуд. Дар пай мақомоти Туркия гуфтанд, ки ӯ аз сӯи гурӯҳе аз маъмурони фиристодашуда аз Саудӣ ба қатл расида ва сипас ҷасадаш қитъа-қитъа шудааст. То ҳанӯз сарнавишти ҷасади Хошуқҷӣ маълум нест.

Мавлуд Човушоғлу, ки рӯзи 14-уми ноябр дар порлумони ин кишвар суханронӣ мекард, изҳор дошт, "дар оғози ин ҳодиса мо гуфтем, ки як гурӯҳи таҳқиқи муштарак бо Арабистони Саудӣ ташкил мекунем ва қасд надоштем, ки ин қатлро дар додгоҳи байналмилалӣ матраҳ кунем".

"Ҳама корро анҷом додем"

Вазири умури хориҷии Туркия таъкид кардааст, "мо ҳар коре, ки барои рӯшан кардани паҳлуҳои ин қатл лозим бошад, анҷом хоҳем дод."

Вазири умури хориҷии Туркия ҳамчунин афзудааст, ки Анқара дар хусуси қатли Ҷамол Хошуқҷӣ таҳқиқоти шаффофро анҷом ва далелу нишонаҳои ин қатлро дар ихтиёри дигар кишварҳо қарор додааст.

Шайх Саъуд Ал-Муъҷиб, Додситони кулли Арабистони Саудӣ дар авохири моҳи гузашта ба Туркия сафар кард ва бо мақомҳои додситонии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Шайх Саъуд Ал-Муъҷиб ҳамчунин аз бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул боздид намуд. Ин дар ҳоле аст, ки Туркия Арабистони Саудиро муттаҳам мекунад, ки тамоюле барои таҳқиқ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул надорад.

Навори савтии қатли Хошуқҷӣ дар ихтиёри кишварҳои хориҷӣ

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе дар ин бора ба хабарнигорон гуфта буд, ки Анқара навори савтӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷиро дар ихтиёри ҳама касоне, ки хостори он буданд, қарор додааст. Оқои Эрдуғон мегӯяд, ки ин навори садоӣ дар ихтиёри кишварҳое монанди Арабистони Саудӣ, Амрико, Фаронса, Канада, Олмон ва Бритониё қарор дода шудааст.

Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин бори дигар таъкид кардааст, ки қатли Ҷамол Хошуқҷӣ барномарезшуда буд ва ба назари ӯ мақомҳои баландпояи Саудӣ дастури онро содир карда буданд. Туркия пеш аз ин аз Арабистони хоста буд, ки мушаххас кунад, ки кадом ниҳод ва ё афрод дастури ин қатлро дода буд.

Дӯстони Хошуқҷӣ ва шуморе аз сенаторҳо ва аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико ва бисёре аз таҳлилгарон дар расонаҳо ба Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ишора мекунанд, ки дастури ин қатлро додааст.

Арабистони Саудӣ то ду ҳафта пас аз ҳодисаи қатл, ибрози бехабарӣ мекард. Сипас ривояти худро тағйир дод ва гуфт, ки вай дар як "занозанӣ бо мушт" дар дохили консулгарӣ кушта шудааст. Баъдан гуфт, ки қатли вай бар асоси "барномаи қаблӣ" будааст.

XS
SM
MD
LG