Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастани бозори "Лола" дар Кӯлоб даҳҳо танро бекор мегузорад. ВИДЕО


Бо қарори ҳукумати шаҳри Кӯлоб, як қисмати фурӯши молҳои рӯзгори бозори "Лола" тахриб шуда, дар ҷои он таваққуфгоҳи мошинҳо сохта хоҳад шуд. Аммо ин тасмими шаҳрдорӣ эътирози даҳҳо тоҷиронро ба миён овардааст.

Моҳсафар Каримова, яке аз фурӯшандаҳои бозорӣ "Лола" чоршанбеи 14-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зиндагиашро аз пушти ҳамин макон мегузаронад ва баъди тахрибу берун кардан онҳо, дигар ҷое барои савдо надорад. Каримова афзуд, ки дар пайи тасмими маҳдуд шудани шумори дӯконҳо дар бозор, ҳолаш бад шуд, чунки тамоми зиндагии хонаводааш аз пушти даромади бозор буд. Ҳоло ӯ аз бонк ҳам қарздор аст.

Дар қисмате, ки қарор аст тахриб ва таваққуфгоҳи мошинҳо сохта шавад, зиёда аз 100 тоҷир ба фуруши либос машғуланд.

Ӯ мегӯяд: "Як ҳафтаина доруи ман 1000 сомонӣ мешавад. Аз куҷо онро оварда медиҳем. Ҳаминҷо аз ду-се соли пеш дӯкон иҷора намуда, зиндагиамонро мегузаронем. Нав аз бонк пул гирифтам, моро берун кунанд, пули бонкро аз куҷо оварда медиҳем? Намегузоранд, ки як нола нони даҳонамонро аз ҳаминҷо ёфта хурем".

Ин тоҷирон мегӯянд, ки аз се рӯз ба ин тараф масъулони шаҳрдории Кӯлоб омада, аз онҳо талаб доранд, ки ин маконро тарк кунанд.

"Ба мо огоҳинома надоданд"

Фахриддин Тағоев, тоҷири дигари ин бозор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар аз қабл мефаҳмонданд, ки онҳо бояд бозорро тарк кунанд, чунин нофаҳмӣ пеш намеомад. Ӯ мегӯяд, ки то моҳи май бо роҳбарияти бозор шартнома дорад, вале касе ба сухани онҳо гуш намедиҳад.

Тоҷирони бозори "Лола": "Намегузоранд, як луқма хӯрем"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:19 0:00

"Ба мо ягон огоҳнома надоданд. Танҳо муовини раиси шаҳр, прокурору суд омада мегӯянд, ки ҷойро холӣ кунед. Ҳарчанд мегуфтем, ки пеш аз хезондан тибқи қонун моро бояд огоҳ мекардед, вале инҳо бе хабару дарак омада, "хезед" мегӯянд. Охир, мо ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифта, бор овардаем. Аз ин рӯ, аз президент хоҳиш мекунем, ки ба дарди мо расад",-гуфт ин тоҷири бозори "Лола"-и шаҳри Кӯлоб.

​Аксар тоҷирон мегӯянд, ки бо сабаби набуди ҷои кор тиҷорат дар бозорро макони аслии даромади худ интихоб кардаанд ва аз ҳамин роҳ зиндагии оилаҳои онҳоро мечархонад.

Қисмати бозори “Лола”, ки қарор аст тахриб шавад, ду соли пеш таъсис ёфта, махсус барои фурӯши молҳои рузгор ва либоҳои кӯдаконаву калонсолон ихтисос ёфта буд. Вале раҳбарияти бозори "Лола" мегӯянд, қарори тахриби ин қисмати бозор ба онҳо марбут нест ва аз ҷониби шаҳрдории Кӯлоб гирифта шудааст. Онҳо мегӯянд, ки бояд супориши шаҳрдориро иҷро кунанд.

Чаро тоҷирон намехоҳанд "Лола"-ро тарк кунанд?

Нуралӣ Ҳасанов, роҳбари бозори "Лола" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як сабаби нахестани тоҷирон аз ин макон дар арзон будани расид ё чеки бозор аст. Ҳасанов гуфт, ки ҳоло бо масъулони шаҳрдорӣ ва худи онҳо бо тоҷирон бозор гуфтушунид доранд, ки ин маконро холӣ кунанд.

Ин бори аввал нест, ки тоҷирони бозри “Лола”-и шаҳри Кӯлоб барои кучонданашон эътироз меоранд. Соли 2016 низ роҳбарияти бозори“Лола” тасмим гирифт, ки ин маконро навсозӣ кунад, вале он дафъа дӯкондорони қисмати қисмҳои эҳтиётфурушӣ эътироз ва чанд рӯз корпартоӣ намуда буданд.

Бозори "Лола" дар паҳлӯи бозори марказии "Саховат" қарор дошта, дар он зиёда аз 500 тоҷир ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ машғуланд. Дар қисмате, ки қарор аст тахриб ва таваққуфгоҳи мошинҳо сохта шавад, зиёда аз 100 тоҷир ба фуруши либос машғуланд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG