Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгор баъди латту кӯби донишомӯзони бе галстук аз кор рафт


Рамазон Муҳиддинов, устоди 59-солаи Донишкадаи муҳандисиву техникии Бухоро, ки чанде аз донишомӯзонро барои бе галстук ҳозир шудан ба мактаб латту кӯб кардааст, аз кор ронда шуд. Бино ба навори тақрибан 30-сонияӣ, ки ду рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, Муҳиддинов ба шикам ва сару рӯи чанде аз шогирдон зада, онҳоро ҳатто “буз” номидааст.

Намехоҳем, бо дидани видео мардум фикр кунанд, ки дар донишкадаи мо донишҷӯёнро мезананд. Дар асл ин ҳодисаи нахустин аст. Он рӯз Муҳиддинов асабӣ будааст.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум кард, ки видео моҳи марти имсол сабт шудааст ва "ҷабрдидаҳо" донишҷӯёни соли аввал будаанд.

Яке аз донишҷӯёни Донишкадаи муҳандисиву техникии Бухоро рӯзи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наворро ҳамдарси онҳо гирифта буд. Ин сабтро бо гузашти ҳашт моҳ аз ҳодиса дар интернет гузоштаанд.

Асрорбек Ашӯров, ёвари раиси Донишкадаи муҳандисии Бухоро дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, баъди ба интернет роҳ ёфтани видео як гуруҳи корӣ қазияро баррасӣ кард.

"Гуруҳи корӣ дақиқ намуд, марде, ки дар навор ҷавонҳоро мезанад, дотсенти кафедраи математикаи олии факултаи технологияҳои информатсионӣ Рамазон Муҳиддинов аст. Муҳиддинов чанд сол боз дар донишкадаи мо кор мекард. Вай баъди як рӯзи ба интернет роҳ ёфтани навор бо хоҳиши худ аз кор рафт", - афзуд ӯ.

Талоши тамос бо Рамазон Муҳиддинов то ин дам бе натиҷа буд.

Аммо Асрорбек Ашӯров гуфт, то кунун донишҷӯён ягон дафъа аз рафтори хушунатомези омӯзгор шикоят накарда буданд. Ӯ гуфт, "намехоҳем, бо дидани видео мардум фикр кунанд, ки дар донишкадаи мо донишҷӯёнро мезананд. Дар асл ин ҳодисаи нахустин аст. Он рӯз Муҳиддинов асабӣ будааст. Албатта, мо аз рафтори ӯ ҷонибдорӣ карданӣ нестем. Ӯ обрӯи мактаби моро бурд. Замонат медиҳем, ки дар мактаби мо бори дигар чунин ҳодиса такрор нахоҳад ёфт.”

Вай афзуд, баъди ин ҳодиса миёни омӯзгорон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" гузаронда, аз онҳо хостаанд, ки нисбат ба донишҷӯён аз зӯр истифода накунанд.

Ду ҳафта қабл аз ин, устоди омӯзишгоҳи касбии тиҷорат ва хадамоти маишӣ Фарҳод Каримов аз кор озод шуд. Дар шабкаҳои иҷтимоӣ видеоро бо иштироки ӯ нашр карданд, ки донишомӯзонро мезад ва таҳқир мекард.

Моҳи гузашта раёсати умури дохилии Тошканд таҳқиқи латту кӯби як хонандаи синфи аввалро шуруъ намуд. Мақомот гуфтанд, ки ин хонандаро муаллими тарбияи ҷисмонӣ задааст.

Моҳи сентябри имсол Додситонии ноҳияи Багати вилояти Хоразм таҳқиқи парвандаи латту кӯб шудани як хонандаи синфи панҷумро зери назорат гирифт. Ба қавли наздикон, ин хонандаи мактаб-интернати махсуси олимпӣ баъди латту кӯб дар рӯзи 20-уми сентябр ба ҳолати беҳушӣ афтодааст.

Дар гузашта дар Тоҷикистон низ чанд ҳолати латту кӯби хонандаҳо аз тарафи омӯзгорон сабт шудааст. Аз ҷумла, соли 2015 Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ, ки дар як навори видео шогирдашро "гӯшмол" медод, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор шуд.

Худи Асламшоҳ Султоншоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ин рафтораш барқасдона ва аз сари ғазаб набуд ва танҳо хостааст шогирди дарсгурезро танбеҳ диҳад. Ин навор аз сӯи хонандагон пинҳонӣ сабт шуда, баъдан ба Интернет роҳ ёфта буд.

Соли 2014 низ айни ҳамин гуна навор дар интернет нашр шуда буд. Он вақт гуфта мешуд ҳодиса дар яке аз мактабҳои пойтахт сар задааст. Вале пас аз таҳқиқи Вазорати маориф ва илм маълум гардид, ки латту кӯби хонанда аз сӯи омӯзгор на дар пойтахт, балки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG