Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои мукофотҳои давлатӣ ба беш аз 100 коргару мутахассиси нерӯгоҳи "Роғун"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи ба фаъолият оғоз кардани чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун", ба шуморе аз мутахассисон ва коргарони ин нерӯгоҳ мукофотҳои давлатӣ дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми ноябр дар "Қасри Миллат" ба беш аз 100 нафар орденҳои "Шараф дараҷаи 2", медали "Хизмати шоиста", "Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени "Шараф дараҷаи 2" ва медали "Хизмати шоиста" супурдааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим бунёди "Роғун"-ро роҳи асосии ба истиқлолияти комили энержӣ расидани Тоҷикистон номида ва гуфтааст, ки он омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва боиси таъмин намудани сатҳи зиндагии беҳтари сокинони кишвар мегардад.

Қарор аст рӯзи ҷумъаи 16-уми ноябр нахустин чархаи ин нерӯгоҳ ба кор дарояд. Мақомоти тоҷик ҳадафи аслии бунёди НОБ “Роғун”-ро расидан ба стратегияи табдил додани Тоҷикистон аз як давлати кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ унвон мекунанд.

Лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳануз аз замони шуравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Сарбанди НБО-и «Роғун», ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад. Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Давлати Тоҷикистон дар гузашта барои нерӯгоҳи Роғун маъракаи фурӯши саҳмияҳоро роҳандозӣ карда буд. Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG