Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи дуюми қаҳрамонии Осиё роҳ наёфт


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дар даври панҷуми марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 тими Сингапурро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи дуюм маҳрум шуд.

Ин бозии даври охирини гурӯҳи “А” 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Панҷ голи мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Гулсунбӣ Ҳалимова ва яктоашро капитани даста Мадина Фозилова ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дар ин варзишгоҳ рӯзи сешанбе дастаи мунтахаби Тайбэйи Чин тими Филиппинро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Тайбэйи Чин, ки дар ҳарчор бозӣ ғолиб омад, бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Тими Филиппин бо 9 имтиёз ҷойи дуюмро азони худ кард. Ҳарду даста ба марҳилаи дуюми мусобиқа роҳ ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов бо 6 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт. Занони футболбози тоҷик дар ду бозӣ бар тимҳои мунтахаби Муғулистон (4:1) ва Сингапур (6:0) ғолиб омада, дар ду бозӣ аз дастаҳои Тайбэйи Чин (0:9) ва Филиппин (1:3) мағлуб шуданд.

Тимҳои Сингапуру Муғулистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чоруму панҷум ҷойгир шуданд. Ин се даста аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи дуюм маҳрум гашт.

Марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор аз 4-ум то 13-уми ноябр бо ширкати дастаҳои мунтахаби занонаи олимпии Тоҷикистон, Филиппин, Тайбейи Чин, Сингапур ва Муғулистон доир гардид.

Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаби занона дар чор гурӯҳ рақобат кард. Баъди натиҷагирии марҳилаи аввал аз гурӯҳи “А” Тайбэйи Чину Филиппин, аз гурӯҳи “В” Эрону Ҳонгконг, аз гурӯҳи “С” Мянмару Ҳиндустон ва аз гурӯҳи “D” Урдуну Индонезия ба марҳилаи дуюм роҳхат гирифтанд.

Инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм - Непал (гурӯҳи “С”) ва Фаластин (гурӯҳи “D”) – ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи дуюм мушарраф шуданд. Ин даҳ даста ба тимҳои Узбекистону Ветнам, ки мустақиман ба марҳилаи дуюм роҳ ёфтанд, мепайванданд.

Марҳилаи дуюми интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 дастаи мунтахаби занона дар се гурӯҳ аз 1-ум то 9-уми апрели соли оянда барпо мегардад.

Мусобиқаи футболи занонаи Бозиҳои олимпии Токио-2020

Натиҷаҳои бозиҳои марҳилаи аввали интихобӣ

Гурӯҳи “А”

Даври 1-ум

Муғулистон Тоҷикистон 1:4

Сингапур – Филиппин – 0:9

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Тайбэйи Чин – 0:9

Муғулистон – Сингапур – 2:2

Даври 3-юм

Филиппин - Тоҷикистон 3:1

Тайбэйи Чин - Муғулистон – 9:0

Даври 4-ум

Филиппин – Муғулистон – 5:1

Сингапур – Тайбэйи Чин – 0:10

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Сингапур – 6:0

Голҳо: Гулсунбӣ Ҳалимова, 5 (5:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 12 (2:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 26 (3:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 38 (4:0). Мадина Фозилова, 47 (5:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 77 (6:0).

Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева, Сайрам Холназарова, Мавҷуда Сафарова, Гулсунбӣ Ҳалимова (Шукронаи Ҷумъахон, 80), Зулайхо Сафарова (Зуҳали Фарҳод, 90), Мадина Фозилова, Нодира Мирзоева, Лайло Ҳалимова (Зебонисо Абдуллоева, 68), Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева, Некубахт Худододова.

Огоҳӣ: Сайрам Холназарова, Лайло Ҳалимова, Марҷона Файзуллоева (Тоҷикистон), Сурия Прия (Сингапур).

Сардовар: Кэтрин Ясевич (Австралия)

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Абир Рантисӣ (Урдун).

13-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Тайбейи Чин – Филиппин – 5:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайбэйи Чин

4

4

0

0

33-0

12

2

Филиппин

4

3

0

1

17-7

9

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

11-13

6

4

Муғулистон

4

0

1

3

4-20

1

5

Сингапур

4

0

1

3

2-27

1

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Эрон – Лубнон – 8:0

Даври 2-юм

Лубнон – Ҳонконг – 0:4

Даври 3-юм

Эрон – Ҳонконг – 1:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

1

1

0

9-1

4

2

Ҳонконг

2

1

1

0

5-1

4

3

Лубнон

2

0

0

2

0-12

0

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Ҳиндустон – Непал – 1:1

Мянмар – Бангладеш – 5:0

Даври 2-юм

Бангладеш – Ҳиндустон – 1:7

Непал – Мянмар – 1:1

Даври 3-юм

Непал – Бангладеш – 1:1

Мянмар – Ҳиндустон – 2:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Мянмар

3

2

1

0

8-2

7

2

Ҳиндустон

3

1

1

1

9-4

4

3

Непал

3

0

3

0

3-0

3

4

Бангладеш

3

0

1

2

2-13

1

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Урдун – Молдив – 6:0

Индонезия – Фаластин – 1:1

Даври 2-юм

Молдив – Индонезия – 1:3

Фаластин – Урдун – 0:7

Даври 3-юм

Урдун – Индонезия – 3:0

Фаластин – Молдив – 2:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

3

3

0

0

16-0

9

2

Индонезия

3

1

1

1

4-5

4

3

Фаластин

3

1

1

1

3-9

4

4

Молдив

3

0

0

3

2-11

0

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG