Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қазияи куштори Хошуқҷӣ далелҳои шайъи пайдо шуд


Муҳаммад Бин Салмон бо писари Ҷамол Хошуқҷӣ
Муҳаммад Бин Салмон бо писари Ҷамол Хошуқҷӣ

Дар қазияи куштори рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ далелҳои шайъи пайдо шуд, ки ба эҳтимоли даст доштани валиаҳдӣ Арабистони Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон дар ин ҷиноят далолат мекунанд. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 12 ноябр матлабе нашр кард.

Як нафар аз гурӯҳе, ки дар нест кардани рӯзноманигор дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул иштирок дошт, ба раҳбари худ занг зад ва аз ӯ хост, ки "раҳбар"-ро аз натиҷаи амалиёт огоҳ кунад. Дар ин гуфтугӯи телефони аз ҳеҷ касе ном бурда нашудааст. Аммо The New York Times бо такя ба хадамоти махсуси Амрико навиштааст, ки сухан эҳтимолан дар бораи шаҳзода Муҳаммад Бин Салмон буд.

Охири ҳафтаи гузашта президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон мавҷудияти сабти садоии куштори Хошуқчиро расман эътироф кард. Ӯ ин маводро дар ихтиёри баъзе хадамоти махсуси хориҷӣ қарор дод.

Мақомоти Туркия ва коршиносони амрикоӣ таъкид мекунанд, ки сабти садоӣ, бо вуҷуди аҳамияташ, наметавонад далели раднопазири даст доштани валиаҳд дар ин куштор бошад.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз мунақидони салтанати Саудӣ номбар мешуд, рӯзи 2 октябр ба идораи консулгарии Арабистон Саудӣ дар Истамбул ворид шуд ва дигар аз он берун набаромад. Туркия мегӯяд, ки ӯро дар дохили бино куштанд. Мақомоти Сауди баъди 18 рӯз эътироф карданд, ки рӯзноманигор дар ҷараёни "муштзанӣ" бо гурӯҳе дар консулгарӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG