Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ ва Саидҷалол – дар Гран-прии ҷудо дар Ҳолланд


Ду паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов - дар Гран-прии ҷудо (Grand-Prix The Hague 2018), ки рӯзҳои 16-18-уми ноябр дар шаҳри Ҳейгюи Ҳолланд баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа иштироки ҳудуди 450 варзишгар (мардону занон) аз 66 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ду гуштигир –Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Саидҷалол Саидов дар вазни беш аз 100 кило - дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.

Тибқи барномаи мусобиқа дар рӯзи аввали рақобатҳо – 16-уми ноябр – занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг, мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбе, 17-уми ноябр, ғолибон аз рӯи ду вазн – 63 кг ва 70 кг миёни занон, инчунин 73 кг ва 81 кг миёни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбе, 18-уми ноябр, бо рақобатҳо дар вазнҳои 78 кг ва беш аз 78 кг миёни занон ва дар вазнҳои 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг байни мардон ба анҷом мерасад.

Натиҷаҳои беҳтарини Комроншоҳи Устопириён дар мавсими соли 2018 дар мусобиқоти байналмилалӣ чунин аст:

20 сентябри 2018 Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон

Ҷойи 7-ум

29 августи 2018 Бозиҳои 18-уми осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия

Ҷойи 3-юм

06 апрели 2018 Гран-при дар Анталияи Туркия

Ҷойи 1-ум

23 феврали 2018 Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон

Ҷойи 5-ум

Комроншоҳи Устопириён дар ҳамин ҳол дар феҳристи ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федаратсиони байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 3446 имтиёз дар ҷойи 9-ум қарор дорад.

Натиҷаҳои беҳтарини Саидҷалол Саидов дар мавсими соли 2018 дар мусобиқоти байналмилалӣ чунин аст:

09 ноябри 2018 Гран-при дар Тошканди Узбекистон

Ҷойи 7-ум

03 ноябри 2018 Ҷоми бози Осиё дар Актауи Қазоқистон

Ҷойи 1-ум

Бозиҳои 18-уми осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия

Ҷойи 5-ум

06 апрели 2018 Гран-при дар Анталияи Туркия

Ҷойи 7-ум

Саидҷалол Саидов дар ҳамин ҳол дар феҳристи ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федаратсиони байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар миёни гуштигирони вазнашон зери 100 кило бо 1006 имтиёз дар ҷойи 39-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро соли гузашта дар мусобиқоти байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix The Hague 2017) аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсиони байналмилалии ҷудо), ки рӯзҳои 17-19-уми ноябр дар шаҳри Ҳейгюи Ҳолланд баргузор шуд, ду гуштигир – Хайёмиддин Ҷабборов ва Комрон Карликов – дар сабқати мардон намояндагӣ карданд.

Ҷабборов дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило дар даври аввал аз Мишел Бартусик аз Лаҳистон мағлуб гашт. Карликов бошад, дар вазни зери 90 кило бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм аз Эдуард Триппели олмонӣ шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG