Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Сулаймонов дар бораи қаҳрамонии Хушқадам: "Аз ин хурсандии калонтар дар зиндагии ман набуд".САДО. ВИДЕО


Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки аз 9-ум то 11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, медали тилло ба даст овард.

Ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило баъди чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Доминикан, Булғористон, Гурҷистон ва Украина ба финал баромад. Хушқадам дар қувваозмоии ниҳоӣ Руслан Багдасаряни русиягиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Маъмулан дар мусобиқоти байналмилалӣ варзишгарон бо мураббиёни худ ширкат меварзанд. Вале ин мураббии варзида имкон надошт, ки бо шогирдонаш ба Бухарест сафар намояд.

Зимнан, дар таърихи варзиши тоҷик Хушқадам Хусравов баъди Саидмуъмин Раҳимов (соли 1975 дар Мински Беларус) ва Беҳрӯзи Хоҷазода (соли 2017 дар Сочии Русия) сеюмин варзишгари Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овардааст.

Устоди Хушқадам Хусравов, мураббии варзидаи гуштӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов рӯзи 12-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо интизори муваффақиятҳои шогирдон дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон будем. Аз он хушҳолам, ки ду шогирди ман – Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – ба мунтахаби Тоҷикистон ду медал оварданд. Албатта, ғалабаи Хушқадам ғалабаи таърихист. Ман қувваозмоии ниҳоии ӯро бо гуштигири русиягӣ тавассути телевизион тамошо кардам ва баъди анҷоми он ашк рехтам. Ин ашки шодӣ буд. Ниҳоят, мақсади ман ҷомаи амал пӯшид. Аз ин хурсандии калонтар дар зиндагии ман набуд. Вале аз ноҳаққии доварон дар ин мусобиқа нисбати Акмалиддин хеле нороҳат шудам."

Гуфтугӯ бо Муҳаммадшариф Сулаймонов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:23 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи устодаш Хушқадам, ки 25 сола аст ва хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад, имсол издивоҷ кардааст.

Хушқадам Хусравов.
Хушқадам Хусравов.

"Ӯ бисёр бачаи меҳнатӣ аст. Ба машқҳо ҷиддӣ рафтор менамояд. Дар тӯли солиёни зиёд ӯ, ки бо раҳбарии ман машқ мекунад, ягон бор ба тамрин дер накардааст. Ӯ ҷавони бебоку шуҷоъ ва далер аст. Ҳеҷ гоҳ аз ҳарифонаш наметарсад. Ман бовар доштам, ки ӯ ҳатман қаҳрамони ҷаҳон мешавад ва зинаи олиро дар намуди самбо фатҳ менамояд", - иброз дошт мураббии номдори тоҷик Муҳаммадшариф Сулаймонов.

Маъмулан дар мусобиқоти байналмилалӣ варзишгарон бо мураббиёни худ ширкат меварзанд. Вале ин мураббии варзида имкон надошт, ки бо шогирдонаш ба Бухарест сафар намояд.

"Нарафтани ман ба қаҳрамонии ҷаҳон ба пойтахти Руминия ба набуди маблағ бастагӣ дорад. Дар мусобиқоти байналмилалӣ дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳое ба мисли Қазоқистон, Гурҷистон, Русия ва ғайра 10-12 мураббӣ, инчунин доварон иштирок мекунанд. Вале, мутаассифона, мо чунин имкониятро ҳанӯз надорем. Мо ба кӯмаку дастгирии сарпарастон ниёз дорем", мегӯяд М. Сулаймонов.

Чаро мураббии қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов ба Руминия нарафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

​Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бухарест ду медали биринҷиро оид ба самбои варзишӣ дар сабқати мардон Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 74 кило гирифтанд. Медали сеюми биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латипов дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 62 кило овард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ҳудуди 500 варзишгар аз 80 кишвар ширкат дошт. Зӯртарин гуштигирон ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд: барои ҷойи якум – 3000 доллар, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойи сеюм – 1500 доллар.

XS
SM
MD
LG