Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар Гран-прии ҷудои Тошканд бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Узбекистон -шаҳри Тошканд - баргузор шуд, ба ватан бе медал бармегарданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тошканд 347 гуштигир (199 мард ва 148 зан) аз 47 кишвари панҷ қораи дунё иштирок кард. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78кг сурат гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон бо ду ҷойи ҳафтум дар байни 47 кишвар мақоми 32-юмро касб намуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 14 варзишгар дохил буд, ки 12 нафари онҳо дар сабқати мардон ва 2 нафар дар сабқати занон ширкат варзиданд: мардон – Иброҳим Абдуллоев (-60 кг), Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Идибек Тоиров (-66 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Эмомҷон Камолов (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), занон – Фазилат Гулбоева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57 кг).

Аз байни гуштигирони тоҷик ду нафар – Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов – натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро гирифтанд, вале варзишгарони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило баъди ду пирӯзӣ бар Яҳлас Сардоров аз Туркманистон ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Узбекистон, дар даври баъдӣ аз Рамазон Дарвиши мисрӣ мағлуб шуд. Ӯ дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Карл-Ричард Фрей аз Олмон бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро азони худ кард.

Шакармамад Мирмамадов бошад, дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Галимжан Крикбойи қазоқро мағлуб сохт. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Бекмурод Олтибоеви узбек ноком гашт. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба гуштигири дигари Узбекистон Ихтиёр Холмуродов бохт ва дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дуюм 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазор долларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш) супурда шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Косово бо касби 4 медал (3 тилло, 1 нуқра) ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 4 медал (3 тилло, 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Муғулистон бо касби 3 медал (2 тилло, 1 нуқра) ҷойи сеюмро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо ду ҷойи ҳафтум дар байни 47 кишвар мақоми 32-юмро касб намуд.

Комроншоҳи Устопириён.
Комроншоҳи Устопириён.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Гран-прии ҷудо дар Тошканд ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт гуштигир шомил буд. Аз байни онҳо танҳо Комроншоҳи Устопириён медал ба даст овард. Ӯ дар вазни зери 90 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири узбек Дилшод Чориев ғолиб омад ва бо медали тилло, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Комроншоҳи Устопириён ин дафъа дар Гран-прии ҷудои Тошканд иштирок накард. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест - баргузор шуд, ширкат варзид.​ Вале Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило дар аввалин қувваозмоияш аз Камолиддин Холмаматови узбек мағлуб гашт.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Тошканд, 9-11-уми ноябри соли 2018

Мардон

-60 кг
1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбекистон)
3. ПЛАФКИ Морис (Олмон)
3. ЯНГ ЮНГ Вей (Тайбейи Чин)

-66 кг

1. ГОМБОК Адриан (Словения)
2. НУРУЛЛОЕВ Сардор (Узбекистон)
3. АҲАДОВ Шаҳром (Узбекистон)
3. ШИХАЛИЗОДА Ният (Озарбойҷон)

-73 кг

1. ТУРАЕВ Ҳикматуллох (Узбекистон)
2. ВАНДТКЕ Игор (Олмон)
3. БАБГОЕВ Олег (Русия)
3. СКВОРТОВ Виктор (Имороти Муттақидаи Араб)

-81 кг

1. ҲАМЗА Динор (Қазоқистон)
2. НЯМСУРЕН Дагвасурен (Муғулистон)
3. ЗОЛОЕВ Владимир (Қирғизистон)
3. НТАНАСИДИС Алексиос (Юнон)

-90 кг

1. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
2. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
3. ТРИППЕЛ Эдуард (Олмон)
3. ВОРБЁВ Иван (Русия)

-100 кг

1. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
2. ИДДИР Александр (Фаронса)
3. ДАРВИШ Рамадан (Миср)
3. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)

+100 кг

1. БОСТАНОВ Сослан (Русия)
2. ОЛТИБОЕВ Бекмурод (Узбекистон)
3. КАЖИБОЕВ Ерассил (Қазоқистон)
3. КРАКОВЕТСКИЙ Юрий (Қирғизистон)

Занон

-48 кг

1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ЧЕРНОВИТСКИ Ева (Маҷористон)
3. ДИОГО Ҷона (Португалия)
3. НИКОЛИЧ Милиса (Сербия)

-52 кг

1. КЕЛМЕНДӢ Майлинда (Косово)
2. ЧОПП Эвелина (Швейтсария)
3. ПЕРЕНЧ Агата (Лаҳистон)
3. ПЕРЕЗ БОКС Ана (Испания)

-57 кг

1. СТОЛЛ Тереза (Олмон)
2. ГҶАКОВА Нора (Косово)
3. СТОЛЛ Амели (Олмон)
3. КАҶЗЕР Кая (Словения)

-63 кг

1. БАЛДОРҶ Мунгунчимег (Муғулистон)
2. СЕНТРАЧИНО Мария (Италия)
3. ЛЕСКИ Андреа (Словения)
3. УНТЕРВЮРЗАХЕР Катарина (Австрия)

-70 кг

1. ПОЛЛЕРЕС Микаела (Австрия)
2. СКОТСИМАРРО Ҷиованна (Олмон)
3. ГЕРСАК Сабина (Маҷористон)
3. РОДРИГЕЗ Элвисмар (Венесуэла)

-78 кг

1. КУКА Лориана (Косово)
2. ГРАФ Бемадетте (Австрия)
3. МАЛЗАҲН Луисе (Олмон)
3. ПАКУТ Беата (Лаҳистон)

+78 кг

1. КИНДЗЕРСКА Ирина (Озарбойҷон)
2. ВЕЙСС Каролин (Олмон)
3. КАЛАНИНА Елизавета (Украина)
3. СЛУТСКАЯ Марина (Беларус)

XS
SM
MD
LG