Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушқадам Хусравов қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд


Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки 11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, медали тилло ба даст овард. Ин чорумин медали паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа мебошад.

Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Руслан Багдасаряни русиягиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашт.

Зимнан, дар таърихи варзиши тоҷик ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин варзишгари Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбо ба даст овардааст. Хушқадам Хусравов, инчунин Акмалиддин Каримов шогирдони мураббии варзидаи гуштӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов мебошанд.

Имрӯз, 11-уми ноябр, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз як варзишгар - Зафар Олимшоев (-82 кг) - дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон ва ду нафар - Умедҷон Муҳиддинов (-68 кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90 кг) - дар самбои размӣ ширкат варзиданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи дуюми мусобиқа – 10-уми ноябр – Тоҷикистонро оид ба самбои варзишӣ дар сабқати мардон се варзишгар намояндагӣ кард. Ду нафари онҳо бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Карим Алланурови туркман, баъдан Адилет Саяжанови қазоқро шикаст дод. Вале дар даври баъдӣ аз Вахтанги Чидрашвилии гурҷӣ мағлуб гашт. Акмалиддин барои ҷойи сеюм бар Шаҳзод Тагиеви узбек ғолиб омад.

Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар вазни зери 74 кило ба рақобатҳо аз даври дуюм шуруъ кард. Ӯ бар Артур Саркисян аз Украина, сипас бар Людовик Каваллера аз Фаронса пирӯз шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Станислав Скрябини русиягӣ мағлуб гашт. Баъдан Беҳрӯз дар даври тасаллобаш Дониёр Бейшееви қирғизро шикаст дод ва барои медали биринҷӣ бар Ашот Мартиросян аз Булғористон дастболо шуд.

Вале Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни зери 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Давити Лориашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.

Медали сеюми биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ овард. Ӯ баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм қувваозмоиро ба Андрей Кучеренко аз Украина бохт. Сорбон барои ҷойи сеюм Борис Кандови булғорро шикаст дод.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 9-уми ноябр – чор нафар гуштигирони тоҷик дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Ҷомии Ҳасан дар рақобатҳо дар вазни зери 52 кило аз Гиви Надареишвилии гурҷӣ мағлуб шуд. Мустафо Ҳасанов дар вазни зери 68 кило қувваозмоиро ба Ласио Сокеи руминиягӣ бохт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило аз Камолиддин Холмаматови узбекистонӣ мағлуб шуд. Инчунин Беҳрӯз Зуҳуров дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 74 кило аз Михаил Николови булғор ноком гашт.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Бухарест, ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев ба ҳайси ҳакам намояндагӣ кард.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, ки дар Қасри варзиши «Sala Polivalenta»-и Бухарест ҷараён дорад, ҳудуди 500 варзишгар аз 80 кишвар барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) мубориза бурданд. Мусобиқа шаби якшанбе, 11-уми ноябр, ба поён мерасад.

FIAS дар соли таҷлили ҷашни 80-солагии самбо маблағи ҷавоизи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 000 доллари ИМА муқаррар кард. Зӯртарин гуштигирон ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд: барои ҷойи якум – 3000 доллар, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойи сеюм – 1500 доллар.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки соли гузашта дар шаҳри Сочи бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, гаштигирони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал - як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ - ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Русия мақоми дуюмро касб намуданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило медали биринҷӣ гирифт. Инчунин дар риштаи самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия

9-11-уми ноябри соли 2018

Мардон

-52 кг

1. КУБАРКОВ Aндрей (Русия)

2. КИРАКОСЯН Tигран (Aрманистон)

3. ШААЛУУ Ерденебаатар (Mуғулистон)

3. НАДАРЕИШВИЛИ Гиви (Гурҷистон)

-57 кг

1.ЧИДРАШВИЛИ Вахтанги (Гурҷистон)

2. БУРДЗУ Ладзислау (Беларус)

3. КАРИМОВ Aкмалиддин (Tоҷикистон)

3. ЯНАКОВ Bорислав (Булғористон)

-62 кг

1. ХУСРАВОВ Хушқадам (Tоҷикистон)

2.БАГДАСАРЯН Руслан (Русия)

3. ЕВДОШЕНКО Дмитро (Украина)

3. КАРАКИЗИДИС Саввас (Юнон)

-68 кг

1. СЕРИКОВ Нурбол (Қазоқистон)

2. ҲАСАНОВ Эмил (Озарбойҷон)

3. КЛЕТСКОВ Никита (Русия)

3. КОКША Александр (Беларус)

-74 кг

1. СКРЯБИН Станислав (Русия)

2. МАРКАРИАН Георгиос (Юнон)

3. ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Tоҷикистон)

3. ГАЗАРЯН Арсен (Aрманистон)

-82 кг

1. БЕРУЛАВА Бесариони (Гурҷистон)

2. КИРЮКШИН Сергей (Русия)

3. ЕМЕЛЯНОВ Тимофей (Беларус)

3. БАЯНМУНХ Гааҷадамба (Муғулистон)

-90 кг

1. ОГАНИСЯН Давид (Русия)

2. СТЕПАНКОВ Алексей (Беларус

3. ГЕРАСИМЕНКО Дмитрий (Сербия)

3. ГВИНИАШВИЛИ Паата (Гурҷистон)

-100 кг

1. ЧЕРНОСКУЛОВ Aлсим (Русия)

2.КАЗУСИОНАК Aндрей (Беларус)

3. РЕСКО Викторс (Латвия)

3. ЛОРИАШВИЛИ Давити (Гурҷистон)

+100 кг

1. ОСИПЕНКО Артём (Русия)

2. БЕРДЗЕНИШВИЛИ Бека (Гурҷистон)

3. РИБАК Юрий (Беларус)

3. ГАҶИК Владимир (Сербия)

Самбои размӣ

-52 кг

1. АСКАНАКОВ Родион (Русия)

2. МХИТАРЯН Григор (Арманистон)

3. ДОМБОЕВ Нуркен (Қазоқистон)

3. АТАЕВ Наврӯз (Туркманистон)

-57 кг

1. НЕСТЕРОВ Александр (Русия)

2. ВОРОПАЕВ Александр (Украина)

3. НЯМХУУ Тогтохбаяр (Муғулистон)

3.ТУССУПОВ Серикжан (Қазоқистон)

-62 кг

1. АБДУЛАЗИЗОВ Комил (Русия)

2. КУЧЕРЕНКО Андрей (Украина)

3. ЛАТИФОВ Сорбон (Tоҷикистон)

3. ДАВЛАТОВ Kаримбердӣ (Tуркманистон)

-68 кг

1. ҲАБИБУЛЛОЕВ Шайх-Maнсур (Русия)

2. KИЯЛБЕКОВ Нургелдӣ (Қазоқистон)

3. БОБОЕВ Абдулло (Туркманистон)

3. АББОСОВ Тариел (Исроил)

-74 кг

1. РУДНИЕВ Владислав(Украина)

2. КАРЯЕВ Дайирбек (Қирғизистон)

3. АЗИЗОВ Заур (Русия)

3. ХУУХЕНХУУ (Mуғулистон)

-82 кг

1. ЭҲСОНГАЛИЕВ Tемирлан (Қазоқистон)

2. САМОЙЛОВ Дмитрий (Русия)

3. МАДАМИНОВ Ҷавлонбек (Tуркманистон)

3. КИМ Таегеун (Кореяи Ҷанубӣ)

-90 кг

1. МАГОМЕДОВ Магомед (Русия)

2. ЛАУРЕНТ Луис (Фаронса)

3. НУРМАТОВ Беҳзод (Узбекистон)

3. АМАТОВ Ҷонибек (Қирғизистон)

-100 кг

1. ВОЛОШЯНОВ Анатолий (Украина)

2. ДЕНИСЛАВ Златев (Булғористон)

3. АННАҚУРБОНОВ (Tуркманистон)

3. МОХНАТКИН Михаил (Русия)

+100 кг

1. МОЛДАВСКИЙ Валентин (Русия)

2. ИСМОИЛОВ Ҳакимҷон (Узбекистон)

3. ИбОДУЛЛОЕВ Бобоҷон (Tуркманистон)

3. ТОНОЯН Размик (Украина)

Ҳисоби дастаӣ

Занон

1. Русия

2. Беларус

3. Гурҷистон

Мардон

1. Русия

2. Гурҷистон

3. Тоҷикистон

Самбои размӣ

1. Русия

2. Украина

3. Қазоқистон

XS
SM
MD
LG