Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: “Мубориза бо ҷинояткорӣ дар Хоруғ ҷавобгӯ нест”


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъди тақрибан ду моҳ ба масъалаи вазъи ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ, баргашт. Ӯ 10-уми ноябр, ҳангоми таҷлил аз рӯзи милиса дар Душанбе гуфт, мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру силоҳ дар Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон “ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест”.

Вай аз мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хост, ки муборизаро дар ин замина шадидтар кунанд. "Танҳо як моҳи фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва шахсони алоҳида беш аз 200 мил силоҳи оташфишон мусодира шудааст”, - хабар дод раиси ҷумҳур.

Президент Раҳмон гуфт, ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла ронандагӣ дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷат, бо шишаҳои сиёҳ ва бе рақами давлатӣ ва ё рақамҳои қалбакӣ зиёд мушоҳида шудаанд.

“Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бори дигар таъкид месозам, ки ҷиҳати ба таври қатъӣ ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо, амалҳои майдаавбошӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ чора ҷуста, волоияти қонун ва амнияту осудагии сокинони вилоятро пурра таъмин намоянд”, - гуфт ӯ.

Дар маҷмуъ раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар изҳорӣ нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, агар соли 2008 дар кишвар камтар аз 12 ҳазор ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам соли 2017 зиёда аз 22 ҳазорро ташкил додааст.

“Танҳо дар нӯҳ моҳи имсол қариб 17 500 ҷиноят сабт шудааст. Яъне, дар даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳои сабтшуда тақрибан ду баробар афзудааст”, - афзудааст ӯ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори ташвиш кард.

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябр Рӯзи милиса таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG