Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё бо Ҳиндустон


Тақвими бозиҳои мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни бозигарони зери 23-сола дар гурӯҳи «F» бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон маълум шуд.

Дар ин бора сомонаи расмии Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, дар мусобиқаи интихобӣ 44 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-сола, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст, иштирок мекунад. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ ташкил шудааст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ба гурӯҳи «F» шомил шуд. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон мебошанд. Мусобиқаи интихобӣ аз 22-юм то 26-уми марти соли оянда дар Тошканд барпо мегардад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 22-юми март бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон рақобат мекунанд. Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 24-уми март бо тими Покистон ва дар даври сеюм 26-уми март бо мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои хубтар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Агар мизбони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғолнамуда аз рӯи натиҷаҳои хубтар ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23)

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобӣ:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Қатар (мизбон), Умон, Непал, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «С»: Ироқ, Эрон (мизбон), Туркманистон, Яман.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «Е»: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Кувайт (мизбон).

Гурӯҳи «F»: Узбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Сингапур, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Камбоҷа (мизбон), Тайбэйи Чин.

Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Мянмар (мизбон), Тимори Шарқӣ, Макао.

Гурӯҳи «J»: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, Филиппин.

Гурӯҳи «К»: Ветнам (мизбон), Тайланд, Индонезия, Бруней.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

22-юми март (ҷумъа)

Тоҷикистон – Ҳиндустон

Узбекистон – Покистон

Даври 2-юм

24-уми март (якшанбе)

Покистон – Тоҷикистон

Ҳиндустон – Узбекистон

Даври 3-юм

26-уми март (сешанбе)

Узбекистон – Тоҷикистон

Ҳиндустон – Покистон

XS
SM
MD
LG