Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳоҷӣ-пиёда" бо Нурмагомедов вохӯрд ва ба дидани Роналду рафт. ВИДЕО


Абдулазиз Раҷабов, сокини минтақаи Кӯлоб, ки ба хотири пойи пиёда аз Тоҷикистон то ба Макка рафтан лақаби “Ҳоҷӣ-пиёда”-ро гирифтааст, ин дафъа ба тамошои кишварҳои аврупоӣ баромад. Ӯ ният дорад, дар ҷараёни сафараш Криштиану Роналду, футболбози маъруфи ҷаҳонро ҳам бубинад.

“Ҳоҷӣ-пиёда” бо нияти сафар ба Аврупо тақрибан 4 моҳ пеш аз Тоҷикистон ба роҳ баромадааст. “Дар Русия будам ва бо Ҳабиб Нурмагомедов вохӯрдам. Сипас аз онҷо ба Беларусу Лаҳистон рафтам. Дар Олмону Фаронса ҳам будам”, - нақл кард ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Абдулазиз Раҷабов ҳафтаи гузашта меҳмони Ҷумҳурии Чех буд ва ҳоло ба Австрия рафтааст ва ин суҳбати мо дар Прага сурат гирифт. “Ҳоҷӣ-пиёда” мегӯяд, “азбаски ҳавои инҷо сардтар аст ва ҳамроҳи дигар надорам, баъзан вақт аз хидмати нақлиёт истифода мебарам.”

Раҷабови 70-сола дар гузашта муаллими тарбияи ҷисмонӣ буд ва чанд сол боз бознишаста ё нафақахӯр аст. Вай дар посух ба ин суол, ки пули сафарҳояшро аз куҷо пайдо мекунад, гуфт, ҳамаи маблағ аз пасандозҳои худаш ҳастанд. “Дар роҳ дар меҳмонхонаҳо намехобем ва ҳамеша дар ҳаракат ҳастем. Дар баъзе ҷой мардум бароямон ғизо ва ҷойи хоб медиҳанд”, - афзуд ӯ.

Аз соли 2005 ба ин тараф пиёда аз ҷое ба ҷое меравад ва, ба гуфтаи худаш, “дигар тоқати дар як ҷо нишастанро надорад”. Аммо на ҳамаи сафарҳояш роҳату осон будаанд. Барои мисол, ҳангоми сафари соли 2013 гурӯҳе аз афроди Толибон ӯро боздошт карданд ва танҳо пас фаҳмидани ҳадафаш ӯро раҳо карданд.

Дар ҳоле ки аз чанги Толибон раҳо мешавад, ӯро дар посгоҳе низомиёни НАТО манъ ва ҳудуди чаҳор соат ва то пайдо шудани тарҷумон боздошт мекунанд. Аммо пас аз омадани тарҷумон бо ифодаи “Good bye” ӯро раҳо мекунанд.

Аз ин сафарҳо акси зиёде дорад. Дар яке аз аксҳо дар паҳлӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва дар ҷое дигар ҳармоҳи Атомуҳаммади Нур, волии собиқи Балх тасвир ёфтааст.

Давоми қиссаро дар ин навори видеоӣ бибинед:

"Ҳоҷӣ Пиёда" бо умеди дидани Роналдо ба Аврупо омад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:22 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG