Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти ИМА аз талоши таъсиррасонии Русия ба интихобот ҳушдор медиҳанд


Департаменти амнияти дохилии ИМА, Вазорати адлия, дафтари директори Истихбороти миллӣ ва Бюрои федеролии тафтишот дар остонаи интихоботи миёндаврии 6 ноябр ба Конгрес изҳороти муштарак нашр кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ИМА дахолати хориҷии кишварҳое монанди Русия, Чин, Эрон ва давлатҳои дигарро ба ҷараёни интихобот таҳаммул намекунанд. Дар ҳоли ҳозир хадамоти махсуси Амрико маълумоте дар мавриди талошҳои рахнаи инфрасохтори интихоботиро, ки метавонад ба натиҷаи овоздиҳӣ халал ворид намояд, теъдоди овозҳоро тағйир бидиҳад ё ба шумориши раъйҳо таъсир расонад, дар даст надорад, -омадааст дар санад.

Аммо амрикоиҳоро зарур аст, аз талошҳои бозигарони хориҷӣ-махсусан Русия ҷиҳати таъсир ба руҳияи ҷомеа ва тафририқаандозӣ бо роҳи паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оид ба равандҳои сиёсӣ ва номзадҳо “эҳтиёт” бошанд.

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, мардуми Амрико метавонанд ин талошҳоро бо роҳи огоҳ будан ва дар бораи амалҳои шубҳанок сари вақт хабар доданд, хунсо кунанд.

ИМА тасмим доранд алайҳи шаҳрвандон ва сохторҳои хориҷӣ барои дахолат ба интихобот таҳрим ҷорӣ намоянд.

Айни замон Вашингтон тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии соли 2016-ро идома медиҳад.

Моҳи июл додситони махсус Роберт Мюллер 12 шаҳрванди Русияро, ки тавре тасдиқ мешавад, кормандони истихбороти ҳарбӣ ҳастанд ё будаанд, дар рахна кардани сервери Ҳизби демократии ИМА ва дигар ҳамлаҳои киберӣ бо ҳадафи дахолат ба интихобот, расман муттаҳҳам намуд.

Моҳи сентябр президенти ИМА Доналд Трамп зери фармоне имзо гузошт, ки дар асоси он барои дахолат ба овоздиҳӣ таҳрим ҷорӣ мешавад.

Рӯзи сешанбе дар ИМА интихоботи миёндаврӣ ба Конгрес доир мешавад, ки дар натиҷаи он маълум хоҳад шуд, Ҳизби ҷумҳурихоҳон бартарии худро дар Палатаи намояндагон ҳифз мекунад ё на.

Шаҳрвандон 435 аъзои Палатаи намояндагон, 35 сенатор ва беш аз 6ҳазор маҷлисҳои қонунгузори иёлатҳоро интихоб менамоянд.

XS
SM
MD
LG