Интихоботи миёндаврии Конгресси Амрико рӯзи сешанбе оғоз мешавад. Дар ин интихобот, ки як навъ раъйпурсӣ дар бораи сиёсатҳои президенти феълӣ ба ҳисоб меравад, мардум 435 вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнӣ ва 35 вакили Сенат, палатаи болоии Конгресси Амрикоро интихоб мекунанд.
Расонаҳои Амрико мегӯянд, натиҷаи раъйдиҳии рӯзи сешанбе паёмадҳои муҳиме бар кори давлат хоҳад дошт
Рақобати имсола байни Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Демократ бисёр сахт буд, вале назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки мумкин аст, номзадҳои Ҳизби демократ раъйи бештари мардумро ба даст биёранд.
Натиҷаҳои ин интихобот масири ду соли боқимондаи раёсати ҷумҳури Доналд Трампро низ мушаххас хоҳад кард. Аз ҷумла, агар демократҳо аксари курсиҳои Конгрессро ба даст биоранд, ин ба маънои он хоҳад буд, ки ибтикорҳои қонунии Трамп дар оянда маҳдуд мешавад.
- Интихоботи миёндаврӣ дар Амрико аз он ҷиҳат бо ин ном маъруф аст, ки дар миёнаи як давраи чаҳорсолаи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Албатта, ба таври маъмул натиҷаи интихобот дар шуморе аз аёлатҳои мавсум ба обӣ (Демократ) ва сурх (Ҷумҳурихоҳ) мушаххас аст ва шаҳрвандон намояндагони яке аз азҳобро ба Конгресс ва ё Кохи Сафед мефиристанд.
Дар бисёре аз аёлатҳое, ки муносибати онҳо бо яке аз ин ҳизбҳо мушаххас нест, натиҷаи ниҳоиро раъйдиҳӣ маълум мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон 23 курсӣ ва дар Маҷлиси Сенат як курсӣ бештар аз Демократҳо доранд.
Расонаҳои Амрико мегӯянд, натиҷаи раъйдиҳии рӯзи сешанбе паёмадҳои муҳиме бар кори давлат хоҳад дошт ва амалан ба райъгирӣ дар робита ба сиёсатҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кунунӣ табдил шудааст.
Илова бар интихоботи Конгресс, интихоби наздик ба 40 волии аёлатҳо низ ба раъйдиҳӣ гузошта мешавад, ки метавонад паёмадҳои густардае дар тақрибан саросари Амрико дошта бошад.
Вандам дар Зарафшон дар ду бинои ба ҳамдигар наздик бунёдшуда шпагат шишт
Ин зеленский дар хаки милаташ бисер хатои калон кард бояд боакли мекард то мардум саргардон намешуд бозичаи дасти давлатхо шуд
То агар манъи оростани дастурхон идонаро ба роҳ намонанд ҳиҷ вақт арзонӣ намешавад ин касифҳои қалобон як соли дароз роҳи ҳамин ду иди мусалмониро мепоянд бигузор касе вобаста ба имконияту дороияш фақат қурбони иҷозат бошад дигар билкул манъи оростани дастурхони идонаро аз дасти ҳамин қалобони касиф манъ намоянд нарх дар ид боло рафт дигар ҳаминхел бе тағир мемонад гапи ин қалобон доимо ҳамин ҳаст долар боло рафтааст ҳозир чи долар поён рафт знки ҳамаашон гирифтаги мо мардуми даъвои мусалмонидошта айби худамон низ ҳаст қарз мекунему дастархон оро медиҳем токи ҳамсоя камбудӣ наёбад бо нархи гарон аз қалоб мехарему исроф карда мепартоем. Озодии ҷон як бор илтимосу хоҳишама не нагуфта чоп кунед.
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Помириҳо агар дар вақташ намебуданд пешвои миллати ту имруз Узбако буданду хуш келибсиз дадаҷон гуфта мегаштӣ. Ҳадди ақал аз он ки Тоҷикистонро Тоҷикистон помириҳо карданд, набояд ба гушаи фаромуши равад. Курнамакӣ ҳам як андоза доштагист, бутпарастҳо!
Ин зеленски факат ваъда доданро медонад руссия рузе хатто киевро ишғол мекунад ин аниқ аст