Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияро таҷлил мекунад


Имрӯз, 6-уми ноябр аз замони қабули Конститутсияи Тоҷикистон 24 сол пур шуд. Ин рӯз дар Тоҷикистон расман таътил эълон шудааст ва ба ин муносибат дар гӯшаҳои кишвар чорабиниҳои идона баргузор мешавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми ноябр дар паёми худ ба ин муносибат, ки аз тариқи расонаҳои расмӣ ба нашр расид, 24-умин солгарди қабули Қонуни асосиро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Оқои Раҳмон аз ҷумла дар ин паёми худ гуфт, "Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад."

Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст ва аз муаллифони асосии он ҳуқуқшиноси барҷаста Ашӯрбой Имомов, Зариф Ализода, Халифабобо Ҳомидов, Раҳматилло Зойиров, Абдулмаҷид Достиев ҳастанд.

Матни Конститутсия аз соли 1994 то кунун се маротиба тағйир хӯрдааст. Нахуст тағйирот соли 1999 ворид карда шуд. Умдатарин тағйирот дар он сол таъсиси порлумони ду палатаӣ (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон), иҷозат додан ба сабти номи ҳизбҳои динӣ ва иваз кардани муҳлати президентӣ аз ду давраи 5-сола то ба як давраи 7-сола буд.

Дастандаркорон дар Тоҷикистон баъди 4 соли дигар - соли 2003 қалам ба даст гирифтанд ва дигарбора матни Конститутсияро рӯи миз гузоштанду онро ислоҳ карданд. Ин дафъа тағйиру иловаҳо фарогир 56-то буд.

Дар он замон мегуфтанд, ки ҳадаф фақат, як чиз аст, дар қудрат нигаҳ доштани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар сурати тамом шудани давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳуриаш дигар ҳақ надошт, дар интихобот ширкат кунад. Муҳимтарин ислоҳ низ ҳамин буд, ки як давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ ба ду давраи 7-мубаддал шуд.

Тағйироти дигар ба Қонуни асосии Тоҷикистонсоли 2016 сурат гирифт. Дар раъйпурсии рӯзи 22-уми майи соли 2016, Конститутсияеро барои раъйдиҳӣ ба мардум пешниҳод карданд, ки 40 тағйирот дошт. Муҳимтаринаш ҳам ин буд, ки дар он иҷоза доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси “Пешвои миллат” ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG