Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар нахустин даври марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" бар тими Муғулистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Дар ин бозӣ, ки 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, ду голи мунтахаби Тоҷикистонро капитани даста Мадина Фозилова ба самар расонд. Гулсунбӣ Ҳалимова ва Лайло Ҳалимова якголӣ заданд. Дар бозии дигари гурӯҳи «А» мунтахаби Филиппин дастаи Сингапурро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод.
Марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор то рӯзи 13-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби занонаи олимпии Тоҷикистон, Филиппин, Тайбейи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат доранд.
Бозиҳои даври дуюм имрӯз, 6-уми ноябр, миёни дастаҳои Муғулистону Сингапур ва Тоҷикистону Тайбэйи Чин баргузор мешаванд.
Сулаймон Бобокалонов, сармураббии мунтахаби занонаи олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз бозии дастааш муқобили тими Муғулистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, “мо дар бозиҳои минбаъда низ мекӯшем, ки ба рақибонамон муқобилияти сахт нишон дода, мухлисонамонро бо бозии хубу ҷолиб шод гардонем. Дар қиёс бо Бозиҳои осиёии соли 2018 дар Индонезия, ки мо дар як гурӯҳ бо тимҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ, Чин ва Тайбэйи Чин бозӣ кардем, ҳайати дастаро 40 дар сад нав намудем.”
Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаби занона дар чор гурӯҳ рақобат мекунад. Ба гурӯҳи “В” Эрон, Ҳонгконг ва Лубнон, ба гурӯҳи “С” Мянмар, Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш, ба гурӯҳи “D” Урдун, Индонезия, Фаластин ва Молдив дохиланд.
Баъди натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дуюмро соҳиб мешаванд, инчунин ду дастаи ҷойҳои сеюм аз рӯи натиҷаҳои хубтар (дар маҷмуъ 10 даста) ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбекистону Ветнам мепайванданд.
Марҳилаи дуюми интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 дастаи мунтахаби занона дар се гурӯҳ аз 1-ум то 9-уми апрели соли оянда барпо мегардад.
Мусобиқаи футболи занонаи Бозиҳои олимпии Токио-2020
Марҳилаи аввали интихобӣ. Гурӯҳи “А”
Даври 1-ум
Муғулистон – Тоҷикистон – 1:4
Голҳо: Лайло Ҳалимова, 9 (0:1). Оргодол Тсасан-Охин, 32 (1:1). Гулсунбӣ Ҳалимова, 53 (1:2). Мадина Фозилова, 65 – аз пеналтӣ (1:3). Мадина Фозилова, 69 (1:4).
Тоҷикистон: Сахина Саидова, Насиба Олимова, Сайрам Холназарова, Гулсунбӣ Ҳалимова, Зулайхо Сафарова, Мадина Фозилова, Лайло Ҳалимова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева, Некубахт Худододова.
Сардовар: Кэтрин Ятсевич (Австралия).
4-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.
Сингапур – Филиппин – 0:9
Голҳо: Шела Майе Кадаг, 3 (0:1). Шела Майе Кадаг, 5 (0:2). Алеса Назарено Долино, 27 (0:3). Ҳали Лонг, 32 (0:4). Шела Майе Кадаг, 43 (0:5). Ириш Наваҷа, 52 (0:6). Сара Изобел Арриета Кастанеда, 57 (0:7). Ҳали Лонг, 59 (0:8). Ириш Наваҷа, 67 (0:9).
Сардовар: Каҷияма Фусако (Ҷопон).
4-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 20 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Филиппин |
1 |
1 |
0 |
0 |
9-0 |
3 |
2 |
Тоҷикистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
4-1 |
3 |
3 |
Тайбэйи Чин |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
4 |
Муғулистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-4 |
0 |
5 |
Сингапур |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-9 |
0 |
Тақвими бозиҳои минбаъда
Даври 2-юм
6-уми ноябр (сешанбе)
13:00. Муғулистон – Сингапур
16:00. Тоҷикистон – Тайбэйи Чин
Даври 3-юм
8-уми ноябр (панҷшанбе)
13:00. Тайбэйи Чин – Муғулистон
16:00. Филиппин – Тоҷикистон
Даври 4-ум
11-уми ноябр (якшанбе)
13:00. Филиппин – Муғулистон
Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд ?
18.05.2022 интернет дар Бадахшон қатъ гардидааст. Яъне ту деҳотӣ дур аз Бадахшон шарҳ навиштӣ, зеро дар Хоруғ мебудӣ шарҳ навишта наметавонистӣ барои, ки интернет қатъ буд. Пас, ту дур аз маҳалли нотинҷ , яъне дур аз хатар ба ҷони худ муаян мекунӣ, ки кӣ мардуми он минтақа чӣ мехоҳад? Ба назар мерасад аз дур ба шурандозӣ машғули
Ина ба ту *свиноферма*. Ин мардуми махалчи худшон намедонанд ки чи мехоханд. Дар хакикат ба кисми зиёди мардум душвор аст, лекин талаботи ин мардум ночо аст. Чиноятпешаора гам натен чи коре хоханд, анчом бтан. Аз пайи ду-се чиноятпеша хестану мардумро сарсон ва чомеаро ноором кардан, корест мутлако хато. Барои бехтар кардани шароити зист, муайё кардани шароити зиндагии арзанда, масъалаи маош ва нафака, ташкили чойои кори митинг кардан арзанда аст.
Ха бие хамаро бархам тим,амниятам,милисаям,вазиру казиру,муалиму,военкомату солдату духтуру ва хоказо..ро,Кабрда дарою хоб рав,ана хамончода гайр аз ту дигар кумита нест!
Durust, boyad hama muvofiqi konun amal kunem. Nashnida boshi agar ina aku bishnav az man ki talaboti mardumi jamomadai Xorugh va kishlokhoi girdu atrof ham hamin ast ki boyad hama az rui konun amal kunem, hej talaboti digare pesh ovarda nashudaast. Baroi hamin yak talaboti ba talabi xdt monand ba sarashon lashkar kashidand...