Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани Рӯҳонӣ: "Бо ифтихор таҳримҳоро мешиканем" ВИДЕО


Ҳасан Руҳонӣ - президенти Эрон
Ҳасан Руҳонӣ - президенти Эрон

Пас аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ва ҷорӣ кардани даври нахусти таҳримҳо дар чанд моҳи пеш, сар аз имрӯз, 5-уми ноябр даври дувум ва сатхттари таҳримҳои ИМА, аз ҷумла таҳримҳои нафтӣ, оғоз мешавад.

Стев Мнушин, вазири молияи Амрико гуфтааст, дар чорчӯби бозгашти таҳримҳо, беш аз 700 фарди ҳақиқӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шуморе аз бонкҳо, ширкатҳои ҳавоӣ ва киштиронӣ ҳадафи таҳримҳо қарор хоҳанд гирифт.

"Ин фишор ба мардум аст"

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи душанбеи 5-уми ноябр дар бораи бозгашти таҳримҳо гуфт, "имрӯз коре, ки амрикоиҳо анҷом медиҳанд, танҳо фишор ба мардум аст, фишор ба ҳеҷ чизи дигар нест. Ба мардум ва ба миллатҳои дигар ва ба ширкатҳои дигар ва ба давлатҳои дигар аст. Имрӯз танҳо мо аз сиёсатҳои Амрико асабонӣ нестем, ҳатто ширкатҳо ва кишварҳои аврупоӣ ҳам аз сиёсатҳои Амрико асабонӣ ҳастанд."

Тасмими ҳукумати Амрико барои бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон, бо мухолифат ва нигарониҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст.

Раиси ҷумҳури Эрон бо зикри ин, ки "мо имрӯз дар шароити ҷанги иқтисодӣ ҳастем", таъкид кард, ки Эрон "бо ифтихор таҳримҳоро мешиканад" ва кишвараш дар "ҳар шароите" нафти худро хоҳад фурӯхт. Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин бо муқоисаи "шароити ҷанги иқтисодии имрӯз" бо даврони ҷанги Эрон ва Ироқ гуфт, "он вақт Саддом буд, имрӯз Трамп аст."

Ҳасани Рӯҳонӣ дар идома гуфт, "ин мо нестем, ки диламон мехоҳад ин давраи ҳукумати Амрико хеле кӯтоҳ ва кӯтоҳтар шавад, муттаҳидони аврупоии худашон дар нишастҳо ба худи ман мегӯянд, ки яке аз орзуҳояшон ин аст."

Хусумати Амрикову Эрон аз куҷо сарчашма мегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Нишасти раҳбарони блоки иқтисодии ҳукумати Эрон

Хабаргузориҳои давлатии Эрон мегӯянд, субҳи душанбеи 5-уми ноябр нишасте бо ҳузури президент Ҳасани Рӯҳонӣ, вазири иқтисод ва мудирони вазорати иқтисод ва молия баргузор шудааст. Ҳамон тавр, ки хабаргузории ИРНА гузориш дод, қарор аст 9 тан аз муовинони вазорати иқтисод гузорише аз барномаҳои худро ба раиси ҷумҳури Эрон пешниҳод кунанд.

Фарҳод Дижписанд, вазири иқтисоди Эрон дар ҷараёни ин ҷаласа гуфтааст, "дар даврони пас аз инқилоб, камтар даврае аз назари ҳассосият монанди ин давра будааст". Нишасти раҳброни блоки иқтисодӣ ва Рӯҳонӣ дар рӯзи нахуст аз бозгашти даври дувуми таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон баргузор шудааст. Вазири иқтисоди Эрон мегӯяд, кишвараш "барномаи мушаххас" ва "азми оҳинин" дорад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ду рӯз пеш бо таъкиди дубора дар бораи ҷорӣ кардани "шадидтарин таҳримҳо" алайҳи Эрон гуфтааст, ки мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон билохира "ақлашон ба сарашон меояд" ва барои музокира дар бораи созиши нави атомӣ бозхоҳанд гашт.

Нигарониҳо аз бозгашти таҳримҳо

Рӯзномаи давлатии Чин "China Daily" дар мақолае, ки субҳи душанбе нашр кард, мегӯяд, тасмими ҳукумати Амрико барои бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон,"бо мухолифат ва нигарониҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст."

Ин рӯзнома сипас хулосае аз рухдодҳои моҳҳои ахир миёни Эрон ва Амрикоро бозтоб дода ва ба нақл аз коршиносон дар Академияи иҷтимоии Чин мегӯяд, таҳримҳо Теҳронро вомедорад, ки саноати дохилии худро густариш диҳад ва ба фоидаҳои нафтӣ такя накарда ва ба масири худ дар роҳи пешрафт идома диҳад.

Ин рӯзнома ҳамзамон ба нақл аз як пажӯҳишгари дигар гуфтааст, таҳримҳо паёмадҳои густурдае бар иқтисоди Эрон гузошта ва бисёре аз шаҳрвандонро ноумед кардааст.

Ин пажӯҳишгар мегӯяд, бо дарназар гирифтани шароити феълӣ, барои ду кишвар дар ниҳоят ҳеҷ роҳи дигаре ба ҷуз музокира ва тавофуқ бар сари роҳи ҳалли мавриди қабули ҳар ду тараф, вуҷуд надорад. Чин муҳимтарин харидори нафти Эрон аст.

XS
SM
MD
LG