Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди худкушии муовини раиси ҷамоат баъди даъват ба додситонӣ


Мавҷуда Қучқорова. Акс аз бойгонӣ

Мавҷуда Қучқорова, муовини раиси ҷамоати Куруш дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, баъди суҳбат ва навиштани баёнот дар Додситонии ноҳия қасди худкушӣ кардааст. Ҷузъиёти ончи ки дар Додситонӣ гузаштааст, барои мо рӯшан нест, вале Мавҷуда Қучқорова мегӯяд, баҳс сари шикояти чанд сокини ҷамоат буд, ки кӯчаро аз ҳисоби худ чароғон карда, беасос пулашро аз ӯ талаб намудаанд. Ҳоло ӯ дар бемористони шаҳраки Нов бистарист ва пизишкон мегӯянд, ки аз ҳолати бади афсурдагӣ берун омада ва саломатиаш рӯ ба беҳбуд аст.

Ба ҷамоат омада, маълумот мегирад ва туҳмат менависад. Мақомот даъват мекунанд ва баёнот мегиранд. Ин магар дуруст аст?

"Инро бардошт карда натавонистам"

Мавҷуда Қучқорова, муовини раиси ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен, рӯзи 3-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шикояти, ба қавли ӯ, беасоси як гуруҳи сокинон ва ҳимояти додситонӣ аз он, вайро дар ҳолати бади равонӣ гузошт.

“Ҳамааш гузашт. Хайрият, ки сиҳат мондам. Нисбат ба ягон кас хусумат надорам. Аммо ба ман дар доситонӣ туҳмат карданӣ шуданд. Ҳарчанд ҳақ ҳастам ва инро бардошт карда натавонистам”, - афзуд ӯ.

Қучқорова, ки дар рӯи бистари беморӣ бо мо суҳбат мекард, гуфт, ду-се сокини ҷамоати Куруш тобистони соли 2017 маҳаллаи худро бо тақрибан 10 “прожектор” чароғон карда, сипас аз ӯ маблағи сарфкардаи худро талаб намудаанд. Ва пас аз ҷавоби рад гирифтан, ба додситонӣ шикоят кардаанд.

“Гуфтам, ки маҳаллаи худро чароғон кардаанд, пули онҳоро ман аз худ накардаам-ку? Як нафари онҳо пеш ду дафъа суд шудааст. Ба ҷамоат омада, маълумот мегирад ва туҳмат менависад. Мақомот даъват мекунанд ва баёнот мегиранд. Ин магар дуруст аст?” - афзуд ӯ.

Додситонӣ то ҳол чизе нагуфтааст

Хонум Қучқорова ҷузъиёти "туҳматҳо"-ро нақл накард, вале гуфт, аз дасисаву наҳаққиҳои баъзе мардум ба ҷон расид ва зоҳиран ҷонибдории додситонӣ аз онҳо дасту дилашро аз кору зиндагӣ сард гардонд.

Мавҷуда Қучқорова дар бемористони шаҳраки Нов
Мавҷуда Қучқорова дар бемористони шаҳраки Нов

Дар вақти таҳияи ин гузориш маълум кардани назари додситонии ноҳияи Спитамен дар бораи қазияи Мавҷуда Қучқорова ба мо муяссар нашуд. Ҳамчунин сокинони ҷамоати Куруш ҳозир нашуданд, ки қазияро шарҳ диҳанд.

Мавҷуда Қучқорова, ба гуфтаи худаш, соли ҳаштум аст, ки ба ҳайси муовини раиси ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен адои вазифа мекунад. Ӯ имсол вакили маҷлиси ноҳиявӣ интихоб шудааст.

Қаблан дар мактаби деҳаи Куркати ин ҷамоат муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус буд.

"Он рӯз шикоят доштанд, ки пояшон дард мекунад"

Абдуқаюм Қучқоров, бародари Мавҷуда Қучқорова, гуфт, шаби 27-уми октябр, баъди чанд рӯзи бозгашт аз додситонӣ хоҳараш қасди худовезӣ кардааст. Ӯро аз рӯи ҳавлӣ дар ҳолати беҳушӣ ёфта, зуд ба бемористон бурдаанд.

Дар беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен гуфтанд, ки Мавҷуда Қучқорова ду шабонарӯз дар шуъбаи эҳё бистарӣ буд ва рӯзи 29-уми октябр ба шуъбаи бемориҳои асаб интиқол ёфт.

Дар ҷамоати Куруш аз ӯ ба ҳайси як корманди ҳирфаӣ ном бурда ва гуфтанд, ки аз ҳодисаи ба сараш омада сахт мутаассифанд. "Муаллима ҳамон рӯз ҳам сари кор буданд ва аз суханҳову рафторашон афсурдаҳолӣ ва бад будани ҳолати рӯҳияшон маълум набуд. Он рӯзҳо фақат гуфта буданд, ки пояшон дард мекунад ва бояд табобат гиранд", - гуфт як корманди ин ҷамоат, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад.

Ӯ гуфт, баъди ба шуъбаи бемориҳои асаб интиқол ёфтани Қучқорова ба дидорбинии ӯ рафтанд, вале модараш гуфт, ки духтараш дар он лаҳза дидору суҳбати касеро намехоҳад.

"Хонавода ва саломатӣ болотар аз мансаб аст"

Худи Мавҷуда Қучқорова гуфт, ки хешону дӯстон, пайвандонаш ва мақомоти шуъбаи корҳои дохилии Спитамен ҳам ба дидорбиниаш омадаанд. Ӯ гуфт, барояш аз мансаб дида, ҳифзи саломатии худу оилаву фарзандон ва шавҳараш муҳимтар аст. Ҳоло дигар мушкилаш паси сар шудааст ва барои ҳамин домани касеро гирифта, алайҳи касе барои ҷуброни азобу машаққат ва зарарҳои маънавии дидааш даъво карданӣ нест.

Соҳиба Турсунова, сардори шуъбаи амрози асаби беморхонаи марказии Спитамен ҳам гуфт, Мавҷуда Қучқорова давраи мушкилро паси сар гузошт ва ҳоло вазъи саломатиаш “қаноатбахш” аст.

Бино ба омори расмӣ, дар як соли охир ҳудуди 500 зан дар Тоҷикистон худкушӣ ва қасди худкушӣ кардаанд. Бештари ин ҳодисаҳо дар минтақаи шимоли кишвар сабт шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG