Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷамоате дар Деваштич барои порагирӣ дастгир шуд


Раиси як ҷамоат дар ноҳияи Деваштич бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир ва алайҳаш парванда боз шудааст. Як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда рӯзи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Комил Отабекзода, раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштичро рӯзи 18 октябр кормандони Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд вақти гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз сокинони ин маҳал “ба хотири мусоидат кардан ба гирифтани қитъаҳои замин” боздошт намуданд.

Ин манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтиш гуфт: “Нисбат ба Отабекзода парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи “гирифтани пора” аз рӯи Кодекси ҷиноӣ боз карда шуда, тафтиши қазия давом дорад”. Ба гуфаи ӯ, замони тафтиши парванда Комил Отабекзода дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ба ҳабс гирифта шудааст.

Биноба иттилои додситонии Суғд, дар давоми соли 2017 ва 8 моҳи аввали соли 2018 дар минтақаи Суғд 1461 ҷинояти хусусияти коррупсиондошта ошкор гардида, беш аз 350 миллион сомонӣ зарарҳои молӣ маълум карда шудааст. Ба иттилои додситонӣ, дар соли 2017 мақомот 166 миллион сомонӣ зарарҳои молиро муайян карда буданд ва дар 8 моҳи имсол ин рақам беш аз 30 миллион афзудааст. Биноба ҳамин манбаъ, мақомот 388 парвандаро баррасӣ намуда, аз шахсони гунаҳгор 346 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Додситонӣ мегӯяд, дар ин давра “аз ҷониби кормандону хизматчиёни сохторҳои назоратӣ 43, кормандони раёсати маориф 19, мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимият давлатӣ ва ҷамоатҳо 17, кумитаи идораи замин 17, андоз 14, ширкати “Барқи Тоҷик” 9, ҳифзи муҳити зист 8, идораи хоҷагии об 7, гумрук 4, бонкӣ 4, тандурустӣ 4, мақомоти милитсия, идоракунии ҳарбӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1 ададӣ, субъектони хоҷагидори ғайридавлатӣ 46 ва дигар ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорон 1266 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир карда шудааст.”

Собиқ муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Абдусамад Маннонзода ва раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Айнӣ - Икром Ҷумъазода баландтарин мансабдорони давлатианд, ки дар ин муддат алайҳи онҳо ба гумони гирифтани ришва парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG