Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти мақомоти Кӯлоб ба сокинон: "Қарзҳоро баргардонед, вагарна обро қатъ мекунем" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомот дар шаҳри Кӯлоб ба сокиноне, ки давоми панҷ соли охир ҳаққи истифодаи обро пардохт накардаанд, шарт гузоштаанд, ки дар сурати ба зудтарин фурсат пардохт нашудани ин қарзҳо, дастрасӣ ба обро қатъ мекунанд. Ҳаҷми умумии қарз аз истифода об танҳо дар се хонаи чорошёнаи воқеъ дар Кӯлоб ба 80 ҳазор сомонӣ (тахминан 10 ҳазор доллар), баробар шудааст.

Дар Кӯлоб корхонаи "Обу корез" ҳар моҳ харҷи обро ба ҳар сари сокини хона моҳе 17 сомонӣ ҳисоб мекунад.

Сокинони се баландошёнаи воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, ки дар он даҳҳо оила зиндагӣ мекунад, ҳудуди ду ҳафта мешавад, ки аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳрум шудаанд. Ин сокинон мегӯянд, ки идораи "Обу корез", оби онҳоро қатъ кардааст.

Илҳом Носиров, сокини хонаи 11 маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар қубурҳои обгузари хонаашон латта монда, онро маҳкам кардаанд, то об наояд. Ӯ мегӯяд, ҳоло сокинон маҷбуранд барои дарёфти об ба ҳавлиҳои наздик муроҷиат кунанд, вале на ҳама омода аст ба онҳо об диҳад.

"Сокинони он хонаҳо намемонанд, ки об гирем аз куҷо об гиранд. Ин ҷоро сварка карданд, он ҷоро сварка карданд. Дар қубур латта пур карданд, ки об наояд. Мо нафаҳмидем, танҳо ҳамин ду дом (баландошёнаҳо) қарздор аст", - гуфт мумоҳиби мо.

Аммо мақот мегӯянд, ки аз талаб кардани пардохти қарзи об хаста шудаанд ва маҷбур шудаанд аз чунин тадбир кор бигиранд.

Дастури ҳукумат барои супоридани қарзи об

Сӯҳроб Раҳимов, сардори идораи "Обу корез"-и шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарзи се хонаи баландошёнаи маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин ба 80 ҳазор сомонӣ расидааст. Раҳимов афзуд, муроҷиатҳои батакрори онҳо бенатиҷа буд ва онҳо маҷбур шуданд аз роҳи бастани қубурҳои обгузар сокинонро ба пардохти қарз водор кунанд. Ӯ мегӯяд, ки агар 50 фоизи қарзашонро ҳам супоранд, омодаанд обро дубора сар диҳанд.

"Чанд пуле, ки дорем бароварда ба онҳо медиҳем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

"Қарори ҳукумати кишвар баромадааст. Аз мо низ талаб мекунанд, худамон низ қарздорем ва аз мо низ андоз талаб мекунад. Чанд маротиба гузашт кардем ва гуфтем, ки пулатонро супоред, вале касе насупорид. Мо ҳам медонем шароиташонро ва гуфтем, ки 50 фоиз пулро супоред, мо обро сар медиҳем. Пули ҷамъ овардаашон 20-30 сомонӣ аст. Дигар мо ҳам маҷбур шудем, ки обашонро қатъ кунем. Ҳоло аз об хонаҳои 11, 12 ва 42 қарздоранд, оби ҳамонҳо қатъ шудааст",-гуфт Суҳроб Раҳимов.

Вале сокинон инро бо исрор рад мекунанд ва мегӯянд, онҳо ба корманди идораи "Обу корез", ки масъули ҷамъоварии маблағи об аст, сари вақт пул медоданд, вале маблағи додаи онҳо куҷо шудааст ва чигуна қарздор шудаанд, худ намедонанд.

500 ё 1800?

Шодиева, сокини дигари маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин дар сӯҳбат бо Радиои Озод гуфт, ҳар қадар пул, ки пайдо мекард, ба кормандони идораи "Обу корез" медод ва гумон намекард, ки қарздор аст. Ӯ мегӯяд, ки чанд рӯзе пеш аз китоб пули қарзи обашро ҳисобу китоб карданд, 500 сомонӣ буд, вале дар кампютер дида гуфтанд, ки қарзи ин хона 1800 сомонӣ аст.

"Нафаре, ки пули об ҷамъ мекунад, аз дафтараш ҳисоб карда овард, 500 сомонӣ гуфтанд ва дар дасти вакили хона доданд. Аммо худам рафта дар компютер дидам, 1800 сомонӣ шудааст. Ростӣ, ҳозир ман бовар намекунам, ки ҳамин қадар қарздор шуда бошам, аз ин рӯ чашмонам хуб намебинад ва ҳоло чекҳояшонро бароварда ҳисобу китоб мекунам, зеро ҳар охири сол қарздор нестам гуфта, чекашонро медӯхтам",-гуфт ин сокини маҳаллӣ.

Сокинони ин хонаҳои баландошёна мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ ёд надоштанд, ки дар хонаҳои онҳо об қатъ карда шавад.

"20 сомонӣ намедиҳанд, 100 сомониро аз куҷо медиҳанд?"

Марям Исоева, вакили хонаи 11 дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарзи ин бино 25 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст. Вале ба гуфтаи ӯ, мушкил ин аст, ки рӯзгори сахт, бисёре аз хонаводаҳо ҳатто тавони пардохти 20 сомонӣ надоранд, куҷо расад ба 100 сомонӣ ва бештар аз ин?

"Баъзе 20 то 100 сомонӣ дод, ҳазору дусад сомонӣ карда, ба масъул додем ва илтимосу зора кардем, ки обро кушояд. Боз ҳамин субҳ омада, гуфтанд хона ба хона гашта 100 сомонӣ ҷамъ кунед, обро кушоем. Охир 20 сомонӣ намедиҳанд, 100-ро аз куҷо медиҳанд?",--гуфт вакили маҳаллӣ.

Зимнан, дар Кӯлоб корхонаи "Обу корез" ҳар моҳ харҷи обро ба ҳар сари сокини хона моҳе 17 сомонӣ ҳисоб мекунад.

XS
SM
MD
LG