Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, як мардеро дастгир кардаанд, ки ба гуруҳҳои террористӣ дар Сурия 100 ҳазор доллар кумаки молӣ фиристодааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рузи 31-уми октябр бо нашри як баёния гуфт, як марди 28-сола бо истифода аз номи каси дигаре пулро ба номи аъзои гуруҳҳои ифротиву террористӣ мефиристодааст. Номи худи муттаҳам ба ҷиноятро ошкор накардаанд. Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллӣ, боздошт рӯзи 14-уми октябр сурат гирифт ва он мардро ба ҳимояти молии терроризм, барангехтани адовати диниву мазҳабӣ ва сохтакории санадҳо муттаҳам мекунанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, аз замони пайдо шудани гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 500 шаҳрванди кишвар ба ин ду кишвари Ховари Миёна рафта ва ба сафи ин созмони террористӣ пайвастаанд.