Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия даҳҳо шаҳрванд ва ширкатҳои украиниро таҳрим кард


Русия дар нисбати 322 шаҳрванди Украина ва 68 ширкати украинӣ таҳрим ҷорӣ кард. Қарор дар ин замина рӯзи 1 ноябр аз ҷониби нахуствазир Дмитрий Медведев имзо шуд. Дар феҳристи афроди таҳримшуда – вазирон, аз ҷумла вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков, депутатҳои парлумон ва намояндагони бахши соҳибкорӣ мебошанд. Ҳамчунин нахуствазирони собиқ – Юлия Тимошенко ва Арсений Ятсенюк, писари президенти Украина Петро Порошенко – Алексей ва сафири Украина дар ИМА Валерий Чалий таҳрим шуданд. 22-юми октябр президенти Русия Владимир Путин қароре дар заминаи “Татбиқи чораҳои вижаи иқтисодӣ дар робита бо рафтори хасмонаи Украина дар нисбати афроди ҳуқуқии Федератсияи Русия”-ро имзо кард. Русия қаблан гуфта буд, ки шаҳрвандони оддии Украина аз ин таҳримҳо осеб намебинанд.

XS
SM
MD
LG