Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Қирғизистон дар додгоҳи ҳамкори пешинашон дар Қазоқистон ширкат мекунанд


Дамирбек Асилбек уулу
Дамирбек Асилбек уулу

Намояндагони ҷиноҳи порлумонии "Қирғизистон" тасмим доранд, дар ҷараёни баррасии парвандаи вакили пешини Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу дар Қазоқистон ширкат ва рафти додгоҳро назорат кунанд. Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Нурбек Аслимбеков хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҷаласаи навбатии додгоҳӣ 2 ноябр баргузор мешавад.

"Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, вай шаҳрванди он кишвар аст, ба ин далел ба мо иттилои зиёд намедиҳанд. Дар додгоҳ намояндагони мо ширкат мекунанд. Баъди додгоҳ иттилоъ пайдо хоҳем кард", - гуфт Алимбеков.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз 19 октябр баррасии парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон шуруъ шуд. Ӯро моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҷараёни як рейд дар ҷануби Қазоқистон боздошт карданд. Вай дар "ташкил ва роҳбарии гуруҳи ҷиноии байналмилалӣ" айбдор мешавад. Ҳамроҳ бо вакили пешини қирғиз даҳ тани дигар дар курсии айбдорӣ менишинанд.

Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон 16 апрел мандати вакилии Дамирбек Асилбек уулуро бекор кард.

XS
SM
MD
LG