Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд чаҳор одам аз заҳролудшавӣ фавтиданд


Дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканди Узбекистон чаҳор тани аз 6-сола то 22-сола дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтиданд. Дар ин бора рӯзи 1 ноябр бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Мақомоти Тошканд мегӯянд, айни ҳол корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки як хонаводаи иборат аз 5 тан дар яке аз ошхонаҳои маҳаллӣ як шаб пеш аз ҳодиса кабоб хӯрдаанд.

"Баъди ба хона баргаштан, модар худро бад ҳис кард ва фарзандон якбора хоб рафтанд. Субҳ чаҳор кӯдаки вай фавтида буданд. Занро дар бемористон бистарӣ карданд", - менависанд расонаҳо.

Аммо расонаҳо бо такя ба вазорати тандурустии Узбекистон хабар доданд, ки ин хонавода на аз кабоб, балки аз гази дохили хона заҳролуд шудааст.

Мақомоти Тошканд гуфтанд, баъдтар ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG