Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар моҳи сентябр бештар аз Русия нафт истеҳсол кард


Моҳи сентябр Амрико нисбат ба Русия нафти бештар истеҳсол кард. Дар моҳи сентябр дар Амрико ҳамарӯза 11,346 миллион бушка нафт истеҳсол шудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Bloomberg. Русия ба ҳисоби миёна 11,21 миллион бушка истеҳсол кардааст.

Дар як соли охир истихроҷи нафт дар ИМА 2,1 бушка дар рӯз афзудааст.

Пешсафии Амрико дар истеҳсоли нафт наметавонад тӯлонӣ бошад. Зеро Русияву Арабистони Саудӣ талош доранд, нафти бештар истеҳсол кунанд. Талошҳои Русияву Арабистони Саудӣ барои пешгирӣ аз содироти нафти Эрон аст. Сарфи назар аз ин, тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 дар Амрико истеҳсоли 16,5 миллион бушка нафт дар рӯз ба роҳ монда хоҳад шуд.

ИМА чанд соли охир бузургтарин истеҳсолкунандаи энержии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар дар соли 2009 дар истеҳсоли гази табиӣ аз Русия пеш гузашт.

XS
SM
MD
LG