Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёдҷон Зайниддинов сардовари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон таъйин шуд


Сайёдҷон Зайниддинов, беҳтарин довари мавсими соли гузашта, сардовари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки рӯзи шанбе, 27-уми октябр, дар Варзишгҳи марказии шаҳри Ваҳдат миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор мешавад, таъйин шудааст.

Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, ба Сайёдҷон Зайниддинови душанбегӣ дар ин бозии муҳими сол Ҳамза Шоймардонов аз ноҳияи Хуросон ва Исмоил Нуралиев аз шаҳри Норак кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе вогузор шудааст.

Насрулло Кабиров аз Норак ва Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе доварони иловагӣ таъйин шудаанд, ки аз паси дарвозаҳо назорат мекунанд. Юсуф Эшматов аз Бохтар нозири доварон ва Ҷовидон Ҳасанов аз Душанбе комиссари ин бозӣ таъйин гаштаанд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки дорои 25 ҳазор ҷойгоҳ мебошад, соати 14:00 шуруъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2018

Финал

27-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣсоати 14:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёваронаш: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон), Исмоил Нуралиев (Норак).

Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG