Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаиқронҳои тоҷик дар Самарқанд боз ду медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷараён дорад, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, Абдусаттор Ғаффоров дар Ҷоми Осиё дар сабқати байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр мақоми сеюмро касб намуд. Дар ин навъи рақобатҳо Алексей Мочалов аз Узбекистон ҷойи аввал ва Иброҳим Шарафуддинов аз Қазоқистон ҷойи дуюмро гирифтанд.

Ҳамчунин Абдусаттор ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар сабқати байдаркаи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр сеюмин шуда ба марра расиданд. Давлат Султонбеков ва Александр Емелянов аз Қазоқистон ҷойи дуюм, Александр Тропин ва Вилям Иброҳимов аз Узбекистон ҷойи сеюмро соҳибӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни варзишгарони то 23-сола дар шаҳри Самарқанд дар қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр бо медали тилло мукофотонида шуда буд.

Инчунин дар ин мусобиқа Шаҳриёр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалёв ва Дилшод Ҷӯраев дар каноэи чорнафарӣ ба масофаи 1000 метр барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни варзишгарони то 23-сола ва Ҷоми Осиё, ки дар шаҳри Самарқанд 25-уми октябр ба анҷом мерасад, варзишгарони 15 кишвари қора ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳои қитъавӣ 28 нафар - 23 варзишгар ва 5 мураббӣ – дохиланд.

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов, варзишгари 21-солаи тоҷик, имсол дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон соҳиби медали нуқра гардидааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG