Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - як қадам то чорякфинали қаҳрамонии Осиё


Ба дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки бозии даври дувумро дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи D дар Индонезия бо тими Малайзия бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, барои ба чорякфинал баромадан як қадам мондааст.

Ба футболбозони ҷавони тоҷик барои ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтан бозии охирини сабқати гурӯҳиро муқобили тими Арабистони Саудӣ, ки рӯзи ҷумъа, 26-уми октябр, баргузор мешавад, мусовӣ кардан кофист.

Агар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад, онгоҳ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С”– Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун рӯбарӯ мешавад.

Дар гурӯҳи "D" пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Судӣ бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Футболбозони араб, ки сарфи назар аз натиҷаи бозии охирини сабқати гурӯҳӣ ба чорякфинал баромаданд, барои мавқеашонро дар садри ҷадвал нигоҳ доштан талош мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо чаҳор имтиёз дар ҷойи дуюм ва тими Малайзия, ки бо як имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд, барои роҳхати дигари ин гурӯҳ ба даври чорякниҳоӣ мубориза мебаранд. Вале тими Чин, ки имтиёз нагирифтааст, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шудааст.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм, инчунин мунтахаби Ҷопон, ки дар гурӯҳи “В” бо шаш имтиёз пешсаф аст, ба чорякфинал баромад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола, ки дар Индонезия то 4-уми ноябр идома мекунад, барои чор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) 16 даста дар чор гурӯҳ мубориза мебарад.

Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд. Агар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад, онгоҳ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С”– Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун – рӯбарӯ мешавад.

Зиёвуддин Фузайлов дар натиҷаи бозии дағалонаи рақибаш муқобили ӯ, пояш сахт лат хӯрд.
Зиёвуддин Фузайлов дар натиҷаи бозии дағалонаи рақибаш муқобили ӯ, пояш сахт лат хӯрд.

Дар бозии даври дуюм миёни дастаҳои Тоҷикистону Малайзия, ки шаби 23-юми октябр дар варзишгоҳи "Патриот Сандрабага"-и шаҳри Бекасии Индонезия барпо гардид, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Зиёвуддин Фузайлов, ки дар дақиқаи 77-ум ба майдон омад, дар натиҷаи бозии дағалонаи рақибаш муқобили ӯ пояш сахт лат хӯрд.

Футболбози ҷавони тоҷикро бо мошини ёрии таъҷилӣ зуд аз майдон ба беморхона бурданд. Ташхис нишон додааст, ки буғуми соқу кафи пойи росташ беҷо шудааст. Пояшро гаҷбандӣ кардаанд. Ба гуфтаи табибон ӯ дар муддати якуним - ду моҳ сиҳат мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Индонезия – Тайбэйи Чин – 3:1

Имороти Муттаҳидаи Араб – Қатар – 2:1

Даври 2-юм

Тайбэйи Чин – Имороти Муттаҳидаи Араб – 1:8

Қатар – Индонезия – 6:5

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Имороти Муттаҳидаи Араб

2

2

0

0

10-2

6

2

Қатар

2

1

0

1

7-7

3

3

Индонезия

2

1

0

1

8-7

3

4

Тайбэйи Чин

2

0

0

2

2-11

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

24 октябр (чоршанбе)

17:00 – Индонезия – Имороти Муттаҳидаи Араб

17:00 – Қатар – Тайбэйи Чин

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Ҷопон – Кореяи Шимолӣ – 5:2

Ироқ – Тайланд – 3:3

Даври 2-юм

Кореяи Шимолӣ – Ироқ – 1:0

Тайланд – Ҷопон– 1:3

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

2

2

0

0

8-3

6

2

Кореяи Шимолӣ

2

1

0

1

3-5

3

3

Ироқ

2

0

1

1

3-4

1

4

Тайланд

2

0

1

1

4-6

1

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

25 октябр (панҷшанбе)

14:00 – Ҷопон – Ироқ

14:00 – Тайланд – Кореяи Шимолӣ

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Ветнам – Урдун – 1:2

Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 1:1

Даври 2-юм

Австралия – Ветнам – 2:1

Урдун – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кореяи Ҷанубӣ

2

1

1

0

4-2

4

2

Австралия

2

1

1

0

3-2

4

3

Урдун

2

1

0

1

3-4

3

4

Ветнам

2

0

0

2

2-4

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

25 октябр (панҷшанбе)

17:00 – Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ

17:00 – Австралия – Урдун

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Арабистони Саудӣ – Малайзия – 2:1

Тоҷикистон – Чин – 1:0

Даври 2-юм

Чин – Арабистони Саудӣ – 0:1

Малайзия – Тоҷикистон – 2:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

2

2

0

0

3-1

6

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

3-2

4

3

Малайзия

2

0

1

1

3-4

1

4

Чин

2

0

0

2

0-2

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

26 октябр (ҷумъа)

17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

17:00 – Чин – Малайзия

Эзоҳ: оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG