Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти кӯдаки чаҳорсолаи тоҷик дар дохили ҳавопаймои Маскав-Душанбе


Як кӯдаки чаҳорсолаи тоҷик шаби гузашта дар дохили ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе ҷон дод. Ҳодисаи даргузашти ин кӯдаки тоҷик дар парвози ҳавопаймои ширкати “Ют Эйр” иттифоқ афтодааст.

Масъули намояндагии ширкати “Ют Эйр” дар Душанбе рӯзи 24 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди баланд шудани ҳавопаймо аз шаҳри Маскав вазъи саломатии кӯдак бад шуд.

Ба қавли манбаъ, ҳавопаймо маҷбур шуд ба Фурудгоҳи шаҳри Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом диҳад. Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кӯдак, ки писарбачча будааст аллакай ҷон дода буд.

Масъули ширкати “Ют Эйр” ҳамчунин гуфтанд, кӯдак шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамроҳи тағояш аз Маскав ба Душанбе меомад. Ҷасади ин кӯдак ҳамроҳ бо тағояш дар шаҳри Оренбург гузошта шудааст.

Ҳавопаймои ширкати “Юэ Эйр” баъд аз таъхир соати 8:30 ба Душанбе расид. Исми писарбаччаи ҳалокшуда ва сабабҳои даргузашти ӯ феълан маълум нест.

XS
SM
MD
LG