Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон "Султони сиккаҳо" ба ҳукми қатл маҳкум шуд


Ду тоҷири эронӣ барои эҷоди бебандуборӣ дар иқтисод ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Додгоҳи олии Эрон ҳукми қатли ду тоҷирро тасдиқ кард, ки барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъор ва эҷоди бебандуборӣ дар иқтисод маҳкум шуданд. Мақомоти эронӣ рӯзи 22 октябр гуфтанд, маҳкумшудаҳо Воҳид Мазлумин ва Муҳаммад Исмоил Қосимӣ мебошанд ва Қосимиро матбуоти дохилӣ баъди ошкор шудани ду тонна тангаи тиллои пинҳонкардааш “Султони сиккаҳо” лақаб мондааст.

Қазияи ин ду тоҷир бисёриҳоро дар Эрон дар ҳайрат гузошт, чун дар ҳоле буд, ки арзиши риёл дар баробари доллари амрикоӣ ба поинтарин сатҳ фаромад. Таҳлилгарони Wall Street суқути қурби пули миллии Эронро ба фишори таҳримҳои амрикоӣ рабт медиҳанд, ки Амрико аз моҳи август дубора ба ҷорӣ кардани онҳо шурӯъ кард, вале ҳукумати маҳаллӣ тоҷирони маҳаллиро гунаҳгор карданд.

XS
SM
MD
LG