Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 22 октябр қарореро «Оид ба тадбирҳои вижаи иқтисодӣ дар робита бо амалҳои хилоф бо меъёрҳои дӯстонаи Украина дар нисбати шаҳврандону шахсиятҳои ҳуқуқии Федератсияи Русия» имзо кард.
Ин санад дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Мақсади ин санад – ҷорӣ кардани таҳрим дар нисбати Украина мебошад, вале дар он гуфта нашудааст, ки манзур чӣ навъи таҳримҳо аст. Дар қарори Путин ба ҳукумат супориш дода шудааст, ки феҳристи шаҳрвандон ва афроди ҳуқуқиро тартиб диҳанд, ки нисбати онҳо тадбирҳои вижаи иқтисодӣ ҷорӣ мешавад. Инчунин қарор аст навъи таҳримҳо ҳам тоза таҳия шаванд.
Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими воқеъ дар ҳудудҳои Украинаро ғасб ва аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар тарафдорӣ кард. Ин амалҳои Русия боиси он шуд, ки Ғарбу Аврупо Русияро таҳрим карданд. Бисёр кишварҳои ҷаҳон ихтилофҳои Русия бо Украинаро, ки мехоҳад рӯ ба Аврупо ва Ғарб бошад, маҳкум карданд.